Please update your Flash Player to view content.
32-юмин иҷлоси байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" дар ҳафтаи ваҳдат дар шаҳри Теҳрон пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиори "Қудс меҳвари ваҳдати уммати исломӣ" аз имрӯз 24/11/2018 оғоз шуд. Қарор аст ин иҷлоси байналмилалӣ то 26/11/2018 идома ёбад. Дар аввалин рӯзи оғоз ба кори он раисҷумҳури ҶИЭ ва дабири маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ ва теъдоде аз меҳмонон суханронӣ карданд. Дар ин иҷлос беш аз 350 донишманд, сиёсатмадор ва аҳли ҳунар аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Намози пешини рӯзи аввали ин иҷлос дар маҳалли баргузории иҷлос ва ҳузури ширкаткунандагон ба имомати шайх Абдуссалом аз уламои ал-Азҳари Миср баргузор шуд.
12 Рабиъулаввал бар асоси назари аҳли тасаннун ва 17 Рабиъулаввал бар асоси назари аҳли ташайюъ солрӯзи таваллуди бобаракати ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) аст. Имом Хумайнӣ ин айёмро ҳафтаи ваҳдат номиданд ва ин иҷлос ҳар сол ба ин муносибат баргузор мегардад.
Дар замоне ки кишварҳои исломӣ ва мусулмонони дунё таҳти фишор ва таҷовузҳои низомӣ, куштор, оворагӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва фишорҳои амниятӣ ва поймол шудани ҳуқуқашон ба дасти душманони Ислом аз куфру нифоқу ширк ҳастанд умед аст уламо ва дилсӯзони уммати исломӣ бо хирад ва садоқат барои иттиҳоду иззати мусулмонон талош кунанд ва Худованд калимаи ҳақро бар ботил пирӯз гардонад.
Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии шукуҳманди Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ ва мардуми мусулмони муҷоҳиди Эрони исломӣ аст. Беш аз бист сол аст, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ баъд аз реҳлати имом Хумайнӣ раҳбарии низоми ҶИЭ-ро ба ӯҳда дорад. Дар ин чиҳил сол душманони низоми исломӣ ҳар чӣ аз хиёнату ҷиноят дар тавон доштанд ба кор бурданд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти