Please update your Flash Player to view content.

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд
Дили рамидаи моро анису мунис шуд
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт
Ба ғамза масъалаомуӯзи сад мударрис шуд
12 Рабеулаввал солрӯзи таваллуди ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) бар асоси назари аҳли тасаннун ва 17 Рабеулаввал бар асоси назари аҳли ташайюъ аст. Ба баракати мелоди вуҷуди нозанини ҳазрат, ки мояи умед ва ваҳдати уммати мусулмон ва раҳмате барои ҳамаи оламиён ин рӯзҳоро (12-17) ҳафтаи ваҳдат номгузорӣ карданд то мусулмонон дар шодии мелоди бобаракати ҳазрати хатми русул шод бошанд ва ба иттиҳоду ягонагӣ бияндешанд. Ҳамчунини ин айём мусодиф аст бо таваллуди набераи бузургвори Расули Худо(с) ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ(а). Мо ҳам муносибатҳои фархундаи ин айёмро бар ҳамаи мусулмонону озодагони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти