Дар ҳашт моҳаи 2018 беш аз шонздаҳ ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.
Ба гузориши сомонаи Озодӣ: Тибқи иттилои ВКД Русия, аз аввали соли ҷорӣ 16 324 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон шиносномаи Федератсияи Русияро дарёфт кардаанд. Ин манбаъ афзудааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ дар заминаи дарёфти шаҳрвандии Русия баъд аз Украина ва Қазоқистон дар мавқеи севум қарор дорад.
Ба иттилои ин вазоратхона, аз аввали соли ҷорӣ ба Русия 551 504 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад. Дар ҳамин давра аз Узбекистон ба Русия дар ҷустуҷӯи ҷои кор 1 116 598 нафар ворид шудаанд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст