Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро имом Хумайнӣ рӯзи ҷаҳонии Қудс барои ҳимоят аз мардуми мазлуму мусулмони Фаластин ва уммати Ислом ва ҳамаи мустазъафони ҷаҳон эълом кард.
Чанд даҳа аст, ки дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон мӯъминони рӯзадор ва озодагони ҷаҳон дар маҳкумияти режими ғосиби саҳюнистӣ ва ҳимоят аз Фаластин ва ҳаққи сарнавишт, сарзамин ва бозгашти онҳо дар саросари ҷаҳон тазоҳурот мекунанд ва озодии Фаластин ва нобудии Исроилро фарёд мезананд ва уммати Исломро ба ваҳдат ва ҳамдилӣ дар ин роҳ даъват мекунанд.
Имсол раисҷумҳури Амрико бо зери по гузоштани тамоми аҳдномаҳои байналмилалӣ ва бо вуҷуди эътироз ва мухолифати кишварҳои арабӣ-исломӣ ва озодаи ҷаҳон сафорати Амрикоро аз Талавив ба Қудс мунтақил кард.
Қудс аввалин қиблаи мусулмонон ва маҳалли рафтани Паёмбари Ислом (с) ба меъроҷ аст ва ҷойгоҳи муҳимме дар миёни уммати Ислом дорад.
Дар рӯзи "накбат" рӯзи бадбахтӣ ва шум, ки дар он рӯз дар соли 1948 режими ишғолгари саҳюнистӣ Фаластинро ғасб ва мардуми онро овора ва қатли ом кард ва баъд аз он чандин ҷумъа тазоҳуроти мардумии густардаи фаластиниҳо бо унвони бозгашт ва шикастани муҳосира баргузор шуд ва даҳҳо шаҳиду захмӣ ва асир бар ҷо гузошт.
Мардуми Фаластин танҳо роҳи расидан ба хостаҳои ҳақ ва қонунии худро дар мубориза ва муқовимат медонанд ва фардо ҳамроҳ бо мардуми ҷаҳон ва уммати Ислом тазоҳуроти густарда баргузор мекунанд.
Раҳбари ҶИЭ чанде пеш гуфта буд, ки Исроил 25 соли баъдро нахоҳад дид. Ин сухани қотеи раҳбари олии ҶИЭ боиси шодӣ ва умеди мусулмонон ва мазлумон ва тарсу ваҳшати саҳюнистҳо ва ҳомиёни онҳо шуд.
Умедворем бо нобудии золимон шоҳиди пирӯзии мазлумони Фаластин ва саросари ҷаҳон бошем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст