«Абдулазиз Вазон» муовини умури умраи вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Укози ин кишвар изҳор дошт: Баромадани умрагузорон ба кӯҳи Нур ба далели бархе тахаллуфҳои шаръӣ ва ҳифзи саломатии зоирон ва умрагузорон аз ин пас мамнӯъ аст.
Вазон бо баёни ин ки ширкатҳо ва муассисоти ҳаҷҷи расмӣ набояд замонеро барои зиёрати кӯҳи Нур ва ғори Ҳиро ихтисос диҳанд, афзуд: Ин тасмим барои ҳифзи саломати зоирони Байтуллоҳилҳаром гирифта шуда, зеро ба далели баландии бисёр зиёди ин кӯҳ мумкин аст зоирон бо баромадан ба он бо хатари беҳушӣ ё камбуди оксиген рӯбарӯ шаванд.
Вай ширкатҳои ҳаҷро таҳдид кард, дар сурате ки зиёрати кӯҳи Нурро дар барномаи худ қарор диҳанд ва кумитаи вежа ин тахаллуфро мушоҳида кунад, ширкатҳои мутахаллиф бо ҷарима ва муҷозот рӯбарӯ хоҳад шуд.
Кӯҳи Нур дар чаҳор километрии шимоли шарқи шаҳри Маккаи Мукаррама ва канори роҳи Мино ба Арафот аст, ки акнун ба иллати густариши Макка, дар дохили Макка қарор гирифта ва баландии он аз дарё 621 ва аз сатҳи домана 281 метр аст.
Ғори Ҳиро маҳалли ибодати Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар болотарин нуқтаи ин кӯҳ қарор дорад.
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар чиҳилсолагӣ дар рӯзи 27 Раҷаб дар ғори Ҳиро машғули ибодати Худо буд, ки ҳазрати Ҷабраили Амин(а) барояш аз тарафи Худо ваҳй ва 5 ояти аввали сураи Иқраъро овард ва ҳазрат бар паёмбарӣ барангехта шуд. Ин рӯз, ки имсол бо 14/4/2018 мувофиқ буд ҳама сола дар миёни мусулмонон гиромӣ дошта мешавад. Ҳоҷиён аз саросари ҷаҳон дар ҳаҷ ба дидани ин ғор мераванд ва дар он ҷо аз заҳматҳо ва ибодатҳои Расули Худо (с) дар ин макон ёд мекунанд ва ба увони ҷои бобаракат намоз ва дуо мехонанд.
Аҷиб аст, ки чандин қарн бо он вазъияти гузашта мушкили камбуди ҳаво ва баландии кӯҳ барҷаста нашуд, вале имрӯз боиси манъи ҳоҷиён мешавад. Ба назар мерасад, ки фикри ваҳҳобӣ-салафии ҳокимони Саудӣ дар ин масъала дахолат дорад. Умедворем зинда нигаҳ доштани дину ҳадафи Паёмбари Аъзам (с) қавитар ва ёду хотираи ҳузуру вуҷуди ҳазрат пуррангтар шавад ва ҳуқуқи мусулмонон ва ҳоҷиён ба хотири кутаҳфикрӣ ва тангназарии бархе муддаиён поймол нашавад.
Бознависӣ аз Fars
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст