Please update your Flash Player to view content.
Фарохони мақолаи исломӣ ба ду забон барои нашрияи рус
Нашрияи «Исломшиносӣ», ки дар Русия мунташир мешавад, барои ирсоли мақола ба забони англисӣ ва русӣ дар мавриди «Ислом дар калоншаҳрҳо» фарохон додааст.
Пойгоҳи хабарии islamology.in дар ин бора навишт: Ҷаҳонӣ шудан, шаҳрнишинӣ, муҳоҷират ба ғарб, тавсеаи сареъи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳаввули фановариҳои бозорёбӣ, зуҳури нухбагон ва силсиламаротиби иҷтимоӣ таъсири зиёде рӯи Ислом ва мусулмонон гузоштааст.
Вокуниш ба ингуна чолишҳо, наҳваи созгории мусулмонон бо шароити ҷадид ва даромехтан дар ҷавомеи дигар, чигунагии мутобиқсозии суннатҳои исломӣ дар муҳитҳои ҷадид ва таҳаввули онҳо, таъсири нюлиберализм, нюмарксизм, шӯравӣгароӣ ҷадид ва шаклгири миллигароӣ бар ҷавомеи мусулмонон аз меҳварҳои эъломшуда барои ирсоли мақола барои ин нашрия аст.
Охирин мӯҳлати ирсоли мақолаҳо 30 март 2018 эълом шудааст. Алоқамандон барои касб иттилоот бештар ба http://islamology.in муроҷеа кунанд.
Бознависӣ аз IQNA

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти