Please update your Flash Player to view content.

Муҷассамаи шоирони машҳури тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дубора шаҳри Самарқандро зинат хоҳад дод. Ин ҳайкал 5 март аз нав пардабардорӣ хоҳад шуд Муҷассамаи устоду шогирд соли 1970 ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар майдони Регистон дар маркази Самарқанд гузошта шуд. Баъдан онро ба як гӯша кӯчонданд ва соли 2009 комилан бардоштанд.
Нашрияи "Самаркандский вестник” хабар дод, ки муҷассамаи ду шоир ва донишманди бузурги тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дубора шаҳри Самарқандро зиннат хоҳад дод. Ин дафъа ҳайкалро дар буриши кӯчаҳои Амир Темур ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар боғи Навоӣ хоҳанд гузошт. Корҳои омодагӣ ба пардабардории дубораи муҷассама бо суръат идома дорад.
Бобур Элмуродов, муовини ҳокими шаҳри Самарқанд ба "Самаркандский вестник” гуфт: "Дар нақша дорем, ки гузоштани ҳайкал ва корҳои ободонии марбут ба онро то 5 марти соли ҷорӣ анҷом диҳем. Корҳои сохтмониро ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Сармояқурувчӣ сервис” иҷро мекунад.”
Ташаббускорони ин иқдоми нек гуфтаанд, ки муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ на фақат боғи истироҳативу фароғатии Алишер Навоиро зинат хоҳад дод, балки рамзи робитаи дӯстонаи садсолаҳои ду халқи бародар хоҳад шуд.
Ин муҷассамаро, ки дар ҳоли рост истодани А. Ҷомӣ ва А. Навоӣ аст, ҳайкалтарошони машҳури тошкандӣ Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимир Лунёв (1936-1993) тарошидаанд.
Пардабардории дубораи муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ дар Самарқанд дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди беш аз ду даҳсолаи "ҷанги сард”, баъд аз марги Ислом Каримов дар сентябри 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дубора беҳбуд ёфтааст.
Қарор аст моҳи март Ш. Мирзиёев дар нахустин сафари давлатиаш аз Тоҷикистон боздид кунад ва шартномаҳои бузург ба имзо расонад. Ба ақидаи ӯ, Тошканд бояд муносибатҳояш бо ҳамсояҳои худро хуб кунад, чунки "ҳамсояи бадро ҳатто Худо ҳам намебахшад.”

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти