Созмони диёнати Туркия нусхае аз Қуръони Каримро дар 6 ҷилд бо алифбои брил чоп ва мунташир кардааст, ки аз он барои омӯзиши Қуръон ба равшандилон истифода мешавад.
Яке аз масъулони созмони диёнати Туркия, бо баёни ин ки ин Қуръони брил ройгон дар миёни равшандилон пахш мешавад, гуфт: Яке аз корҳои писандидае, ки ҳар мусулмон метавонад анҷом диҳад, ёрӣ расондан ба афроди маълул дар ёдгирии таолими динӣ аст. Ба ҳамин далел бояд барои онҳо дар ин хусус имконоти муносибро фароҳам кард.
 Вай афзуд: Дар созмони диёнати Туркия гурӯҳеро бо ҳадафи баррасии роҳкорҳои кӯмак ба равшандилон дар заминаи омӯзиши Қуръон ташкил додем. Дар ин гурӯҳ, ки чанд тан аз равшандилон низ ширкат доштанд, тасмим гирифта шуд, ки Қуръонро бо алифбои брил он ҳам бо риояти тамоми стандартҳо ба чоп расонем. Барои ҳамин низ дар чопи он беҳтарин навъи коғаз истифода шудааст.
Истифода аз дидгоҳи чанд равшандил дар чопи Қуръони брил бисёр муфид буд, зеро ин имконро ба мо медод, ки дар рафъи хатоҳо ва ишколоти мавҷуд ҳассосият лозимро ба харҷ диҳем.
 Вай бо баёни ин, ки Қуръони брил дар 6 ҷилд ва тай як сол талош ва фаъолият ба чоп расидааст, гуфт: То кунун як ҳазор ҷилд аз ин Қуръон дар миёни равшандилон тавзеъ шуда ва дархостҳо низ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Бар ин ақидаем, ки теъдоди мавҷуд кофӣ нест ва бояд теъдоди зиёде аз онро чоп ва дар миёни равшандилон тавзеъ кунем. Аз мусулмонони дигар кишварҳо мисли Олмон низ номаҳое ба мо расида, ки хоҳони истифода аз ин Қуръони брил дар омӯзиш ҳастанд.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст