Please update your Flash Player to view content.

20 ҳазор нусхаи Қуръони Карим бо ҳамкори анҷумани эҳёи мироси исломи Кувейт дар миёни мусулмонони Кения пахш шуд.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно), Фарҳон Убайдул Шамри, раиси анҷумани эҳёи мероси исломи Кувейт эълом кард: Ахиран мутаваҷҷеҳ шудем ки кудакони мусулмони Кения ҳамчунон Қуръони Каримро рӯи лавҳҳои чуби ҳифз мекунанд, мо низ ин лавҳҳоро бо 20 ҳазор нусхаи Қуръон ҷойгузин кардем.

Вай афзуд: Кудакон пас аз дарёфти ин Қуръонҳо бисёр хушҳол шуданд ва саросари вуҷудашонро шодмони фаро гирифт ва ба ёри Худо ба ҳар як аз онон як Қуръон додем.

Шемри бар аҳамияти эҳтимом ба Қуръони Карим ва нашри он ба вижа дар байни мусулмонони ниёзманд таъкид ва тасреҳ кард: Анҷумани эҳёи мероси исломи вилояти Ҷаҳро тарҳи чопи Қуръони Каримро бо ҳадафи пахши он дар ҷаҳон ислом ва байни мусулмонони ниёзманд дар дастури кор қарор дода аст.

Вай гуфт: Бар асоси ин тарҳ то кунун 20 ҳазор нусхаи Қуръон дар дорул Қуръонҳо ва масҷидҳои Яман 10 ҳазор нусхаи Қуръон дар масҷиҳо ва ҷаласаҳои Қуръони Миср низ пахш шуда аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти