Please update your Flash Player to view content.


Куштори мусалмонон дар Судони Ҷануби мисли Африкаи Марказӣ аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «UN Dispatch»، дар ин ҳодисаи бераҳмона ва хушунатбор, ки дар шаҳри Бантио ба вуқуъ пайваст, ҳадди ақал 400 нафар кушта шуданд.

Ин қатли он ҳангоме рух дод, ки неруҳои шуриши дар рӯзҳои гузашта ин шаҳрро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Шуришиён дар ҷустуҷуи маконҳое буданд, ки садҳо нафар аз шаҳрвандони Судони Ҷануби ва хориҷи дар онҳо паноҳ гирифта буданд.

Онҳо пас аз ҷудосози қавми ва дини ҳудуди 200 мусалмонро дар масҷиди Колиболи қатли ом карданд.

Тоби Лонзер масули умури инсони Созмони Милали Муттаҳид дар Судони Ҷануби саҳнаи қатли оми шаҳрвандон ва мусалмонони Судони Ҷанубиро таассуфбор тавсиф кард.

Шароити мусалмонон дар Судони Ҷануби мисли вазъияте аст, ки дар ҳоли ҳозир мусалмонон дар Африкаи Марказӣ доранд.

Икно

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти