Please update your Flash Player to view content.

Теъдоде аз намозгурони фаластинӣ мавриди ҳамлаи нерӯҳои саҳюнистӣ қарор гирифтанд, ки дар ин байн 25 намозгузор дар асари ин ҳамла ба Масҷидулақсо ва партоби газҳои ашковар ва бомб дучори хафагӣ шуданд.

Умар Кисвонӣ раиси Масҷидулақсо эълом кард: Ҳудуди ҳазор нерӯи полис бо ҳимоятгарии сарбозони марзӣ ба масҷид ҳамла карданд ва боиси эҷоди тарсу ваҳшат дар байни намозгорон шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, полиси саҳюнистӣ сохтмонеро, ки намозгузорон ба он паноҳ бурда буданд дар тангно қарор дода ва шуруъ ба партоби газҳои ашковар ва бомб карданд.

Дар ин чанд рӯза ба баҳонаи ҷашнҳои яҳудиён Масҷидулақсо пай дар пай мавриди ҳамлаи нерӯҳои саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти