Please update your Flash Player to view content.

Субҳи имрӯз 160 нафар аз зоирони хонаи Худо барои адои Ҳаҷ аз Душанбе парвоз карданд. Бар асоси эъломи маркази матбуотии Кумитаи дини ҶТ имсол қарор аст ҳудуди 6300 нафар ба Ҳаҷ мушарраф шаванд. Нархи ҳаҷҷи имсол 35 ҳазору 138 сомонӣ (беш аз 3700 доллар) буд.
Зоиронро барои адои Ҳаҷ ҳавопаймоҳои ширкати Тоҷик-Эйр ва Сомон-Эйр дар даҳ рӯз ба Ҷаддаи Арабистон мерасонанд. Ин аввалин парвози ширкати Тоҷик-Эйр баъд аз шаш моҳ таътилӣ аст. Барои гусели зоирони тоҷик илова бар пайвандону наздиконашон мақомоти давлатӣ ва сафири Арабистони Саудӣ ҳам ширкат карданд.
Мо ҳам барои ҳоҷиёни тоҷик ҳаҷҷи мабрур ва саъйи машкур ва дуои мустаҷоб аз даргоҳи Худо металабем. Умедворем ба баракати дуои ҳоҷиён Худо он чӣ хайру салоҳи миллати мазлуму шариф ва мусулмони Тоҷикистон аст ато кунад. 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти