Расули Худо (с) фармуд:
اذا رایتم الربیع فاکثروا ذکر النشور ما اشبه الربیع بالنشور
Ҳар вақт баҳорро дидед, бисёр аз дубора зинда шудан ёд кунед! Чӣ қадар баҳор ба қиёмат ва дубора зинда шудан монанд аст!
Мафотиҳулғайб, Фахри Розӣ, ҷ. 17, саҳ. 194
Маъмулан миллатҳо расму оинҳоеро аз ниёкони худ ирс мебаранд ва онро нигаҳ медоранд. Наврӯз яке аз суннатҳои ниёкони тоҷикон аст, ки бисёр омӯзанда ва арзишманд аст. Чун баҳор фасли тароват ва шодобиҳо аст ва пушти сар гузоштани сармову сахтиҳо ва падид омадани шукуфаҳо ва дамидани рӯҳи дигар дар олами табиатро ба армағон меорад. Тоҷикон ҳам ин фаслро сароғози кору талоши худ қарор додаанд. Хона дилҳои худро аз гарду ғубор ва олӯдагиҳо пок намуда ба зиндагӣ рӯзи нави босафо мебахшанд. Наврӯз ёдовари ин нуктаи муҳим аст, ки некӣ ва бадӣ, хушиҳову нороҳатиҳо акнун ҷузъи хотироти зиндагии мо шудаанд. Пас на мағрур бояд шуд ва на маъюс. Фасли зинда шудан ва шукуфтани табиатро бо сайқал бахшидани дилу ҷони худ якҷоя кунем. Ба дидани ҳамдигар биравем ва чун табиат зиндагии навини софу беғуборро оғоз намоем.
Баҳор фасли ба худ омадан ва андешидан дар ҳақиқати дунё, зиндагии имрӯзӣ ва маргу зинда шудани дубора аст. Он Худое, ки табиати мурдаро ҷон мебахшад ва замини урёнро либоси тоза мепӯшонад ва гулу гиёҳ ва шукуфаҳои рангорангро берун меорад ӯро дубора зинда хоҳад кард. Ҳеҷ инсони оқиле намехоҳад заъфҳояш рӯз ба рӯз амиқтар шавад ва ахлоқу рафтори бад дар вуҷудаш реша давонад ва аз хубиҳову некуиҳо бебаҳра монад.
Пас ба гузаштаи зиндагияш нигоҳ кунад, он ҳам дар оғози баҳор фасли шукуфтану зинда шудан ва таровату зебоӣ! Бурду бохтҳои яксолаи гузаштаи худро арзёбӣ кунад ва аз он ибрат бигирад ва барои соли пеши рӯ барномаи рушд дар назар бигирад.
Фаро расидани фасли баҳор, сарсабзии рӯзгор ва Наврӯзи фархундапайро ба ҳамаи ҳамватанон табрик ва таҳният арз намуда барои якояки онҳо саломатӣ, саодату амният ва рӯзгори ободу муваффақият, ризқи фаровон ва фатҳи қуллаҳои арзишҳои инсонӣ ва имонӣ аз Худои баҳорофарин дархост менамоем!
Наврӯзатон пирӯз бод
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Дастандаркорони сайти Тоҷикон
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст