Please update your Flash Player to view content.

Устод Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири хушноми тоҷик рӯзи 21/1/2019 65-сола шуд. Зодрӯз ва 65-умин баҳори умр бар шумо муборак бод!
Ин шоири фарзона 21-уми январи соли 1954 дар деҳаи Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа (имрӯз Бохтар) таваллуд шудааст. Соли 1981 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Сипас сафаре ба Эрон кард ва ҳудуди 5 сол дар ҳавзаи ҳунарӣ ҳамдами адибони мутааҳҳиди Эрон чун доктор Ҳасани Ҳусейнӣ, Муртазо Амирии Исфандақа ва дигарон буд, ки дар парвариши шеъри ӯ асари амиқ ниҳод ва ба ҳамин рӯй забон ва баёни шеъри ӯ аз пухтагии хоссе бархурдор аст ва низ дар шеъри ӯ аз бархе лағзишҳои вазну қофия, ки дар баъзе шоирон ба чашм мехӯрад ҳеҷ намебинем. Аҷамиро бояд аз беҳтарин шоирони Тоҷикистон бидонем.
Ишон муаллифи маҷмӯаҳои назму наср ҳастанд, ки дар Душанбе ва Теҳрон чоп шудаанд. Осори назмӣ:
1.    «Кокули борон» (1984), Душанбе
2.    «Ватан» (1985), Душанбе
3.    «Сари об» (1988), Душанбе
4.    «Андӯҳи сабз» (1997) Теҳрон
5.    Оинаи ноз (дубайтӣ) (2000) Теҳрон
6.    «Биҳишти Одаму гандум» (2000) Теҳрон
7.    То фасли рангҳо (2002) Душанбе
8.    «Атри шабҳои Хуросон» Теҳрон
9.    «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) Душанбе
Осори насрӣ:
1.    Эътиқоду эътикоф, маҷмӯаи мақолот, Душанбе 2003
2.    Хиттаи муаттари шеър, баррасии ашъори Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ ва Салмони Ҳиротӣ, чопи Ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон, Душанбе 2002
3.    Нур дар зиндон, роман Теҳрон 1997 бо хатти форсӣ
Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғ. интишор ёфтаанд.
Барои ин шоири хушному хушсалиқаи тоҷик саломатӣ ва муваффақиятҳои бештар мехоҳем ва зодрӯзи ӯро бар устод ва ҳамаи дӯстдорони аҳли илму адаб табрик мегӯем.
Устод дар бораи дидораш бо Аҳмадшоҳ Масъуд қаҳрамони муборизаи озодихоҳонаи мардуми мусулмони Афғонистон ва таъсири шеъраш бар ишон чунин мегӯяд:
... Дар он шаб Аҳмадшоҳи Масъуд аз ман пурсид, ки шеърҳоямро дар зеҳн дорам ё на. Гуфтам бархеро ҳифзам ва бархеро тика – тика ёд дорам. Гуфт: «Пас, аз шеърҳои худ барои мо бихон». Он вақт ҳанӯз дар шеър таҷрибаи зиёд надоштам ва аз нигоҳи имрӯз ба ростӣ ба он шеърҳоям раҳмам меояд, намедонистам барои Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ бихонам. Ин ҷо буд, ки ёд аз миллат ва аз торих сироятам карду ин шеърро хондам:
Гоҳ-гоҳе пурсам аз худ,
Дар замини Тоҷикистон
Ин қадар санг аз куҷо пайдо шудааст?
Дар дили фарзанди тоҷик
Ин ҳама нанг аз куҷо пайдо шудааст?
Ман диҳам бар худ ҷавоб:
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Ҳам парешон кардаанд,
То накорад донаи худро дигар,
То насозад хонаи худро дигар,
То бихушкад тухми тоҷик дар миёни сангҳо.
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Ҳам парешон кардаанд,
Лек тоҷик бар адӯ гардан надод,
Баҳри фардои Ватан
Сар бидоду тан надод.
Сангҳоро чида – чида
Дар бари ҷар,
Дар сари ҷар
Хонае аз санг кард,
Хонае аз нанг кард.
Хонае аз санги кӯҳистони худ,
Хонае аз нанги аҷдодони худ
Дар миёни сангҳо ҳам зинда монд.
Аз шеър берун омадаму чӣ дидам, ҳамаро дар як сукути сангин ва… Аҳмадшоҳи Масъудро ашк аз чашм мерехт. Ашк барои як миллат, барои як торих, барои як сарнавишт. Фикр мекунам, шеъри ман танҳо як баҳона буд дар ин мавзӯъ. Ашки Аҳмадшоҳи Масъуд ашки як марди тавоно буд, ашки як марди бузург буд, ашки як сарлашкаре буд, ки ба сипоҳиён таъсир мегузошт. Доктор Абдуллоҳ нигоҳе сӯи ман афканд ва бо овози мулоим барои хониши шеър изҳори ташаккур кард. Шаб ба бедорӣ поён ёфт. Намози бомдодро низ ҷамоат хондем. Субҳ хостам, ба Аҳмадшоҳи Масъуд худоҳофизӣ кунам, иҷозат надод. Гуфт: «Ҳоло ҳамин ҷо бимон». Субҳ зуди зуд худ бирафт ва ман боз он ҷо мондам. Он рӯз суҳбат танҳо аз гиряи Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Генерал Салим он вақт масъули майдони ҳавоии Багром аз ман он шеърро пурсид ва дар коғазе барои худ бинвишт. Ин шеър миёни сарбозон даст ба даст ва рӯйнавис мешуд. Шаб Аҳмадшоҳи Масъуд боз омад ва суҳбат боз аз шеър буду сухан. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамон шеъри дишабро хоҳиш карданд, ки бихонам ва ман хондам. Чашмони Аҳмадшоҳи Масъудро боз тар дидам. Рӯзи дигар буд, як тан аз муҳофизини Аҳмадшоҳи Масъуд бо номи Исломиддин омад ва гуфт: «Бародари тоҷик, ту бояд фардо аз ин ҷо биравӣ, агар ҳар бор ту ин гуна шеър бихонӣ ва Омир Соҳиби мо гиря бикунад, заиф хоҳад шуд. Дар тамоми набардҳо боре ҳам ашк нарехтааст, ашки ӯро мо надидаем. Ҳоло ту омадӣ, ҳар шаб мехонӣ ва ӯ ашк мерезад. Мо ҳоло ба ӯ ниёзмандем». Рӯз қасди рафтан гирифтам, вале бо амри Аҳмадшоҳи Масъуд маро дастгир карда, ба қароргоҳ баргардониданд. Мабодо бори дигар фарор накунам, ҳар субҳ Аҳмадшоҳи Масъуд маро бо худ мебурд. Як нафар муҳофиз дар канори ронанда, ман ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ақиби мошин менишастем. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳар рӯзе як қисмати шаҳрро бароям нишон медод, аз торихи шаҳр бароям таъриф мекард. Як рӯз аз тамоми шоирони Кобул даъват намуд ва шаб шеър баргузор кард. Шаб шаби зебо буд, шаби шеър буд. Шоирони афғон дар ҳузури Аҳмадшоҳи Масъуд бо фурӯтанӣ шеър мехонданд ва ман низ дар ин шаб шеърҳо хондам. Ду ҳафтаро ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд сипарӣ намудам, бо Аҳмадшоҳи Масъуд будам. Ӯ ҳар рӯз аз ман хоҳиш мекард, ки ҳамон шеърро бихонам. ...

Сарчашма

Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 50-51 ISBN 978-99947-2-379-9
Аз соқа то Садр, саҳ. 645
http://navisandagan.tj/ru/index.php/2017-08-18-10-05-26/poety/278-mu-ammadalii-a-am

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти