Гуфтаниҳоям хеле зиёд аст. Пеш аз ҳама, мегуфтам, раиси ҷумҳур, мамлакате, ки Шумо раҳбарӣ мекунед ва дӯст медоред, ман ҳам ҳамон қадар дӯст медорам. Барояш чӣ қадаре, ки Шумо месӯзед, ман ҳам ҳамон қадар месӯзам.
Барзу Абдураззоқов – коргардони маъруфи тоҷик – пас аз фаъолияти сесола дар театри "Жаc Саҳна"-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ ҳадди ақал шаш соли охир дар Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст. Яке аз охирин ва баҳсбарангезтарин намоишномаҳои ӯ дар Тоҷикистон "Девонагӣ. Соли 93" буд, ки соли 2009 дар театри русии ба номи Маяковскийи Душанбе ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома аввал аз ҷониби мақомоти Вазорати фарҳанг манъ гардид, вале баъдан бо тағйири номаш - "Девонагӣ. Соли 1793" - рӯи саҳна омад. Аз он замон то кунун Барзу Абдураззоқов дар Тоҷикистон расман кор накардааст.
•Барзу Абдураззоқов рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агар имкони суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро медошт, бо ӯ дар бораи "шанс”-и эҳёи театри тоҷик суҳбат мекард.
Радиои Озодӣ: Чӣ шуд, ки театри "Жас Саҳна”-и Қазоқистонро тарк кардед?
Барзу Абдураззоқов: Ман қарордодро бо театри "Жаc Саҳна”-и Алмаато қатъ кардам. Давоми се сол бо ин театр ҳамкорӣ карда ва аз он "бренд” сохтем. Шояд театри аввалиндараҷаи Осиёи Марказиро сохта тавонистем. Он чизеро, ки мехостам тариқи дарс ва илми театрӣ ба бачаҳо додам ва рости гап, хаста ҳам шудам. Фикр кардам, ки бояд роҳамро иваз кунам. Яъне, сабаб худи ман ҳастам, ки мехоҳам роҳу равиш ва фикрамро иваз кунам. Дар Алмаато ҳис кардам, ки шояд каме дар худ ғӯтидам: театр-хона, хона-театр. Аз моҳи майи соли гузашта ҳис кардам, ки бояд дар ҳаёти ман як дигаргунӣ шавад. Моҳи июн шаш моҳи муҳлат гирифтам, то ду намоиши дигарро рӯи саҳна биёварам. Ваъдаҳоямро иҷро кардам ва ба бачаҳо гуфтам, ки акнун ман рафтам. Ба Тоҷикистон омадам, чун пеш аз ҳама ин ҷо Ватани ман ва хонаи ман аст. Модарам дар ин ҷост, фарзандонам дар ин ҷо ҳастанд.”
Радиои Озодӣ: Акнун чӣ нақша доред?
Барзу Абдураззоқов: Баъди чанд рӯз ба Қазоқистон меравам. Дар театри академии Остона ба кор даромаданӣ ҳастам. Маро ба он ҷо даъват карданд. Он ҷо на раҳбари гурӯҳи эҷодӣ, балки як роҳи дигарро пеш мегирам.
Радиои Озодӣ: Нияти бозгашт ба театрҳои Тоҷикистонро надоред?
Барзу Абдураззоқов: Агар хидмати ман ба Ватан лозим бошад ва театрҳо даъват кунанд, чаро не? Ҳамеша омодаам қуввату қудрат ва имконоте, ки ман дар берун аз Тоҷикистон сарф мекунам, дар ин ҷо низ сарф кунам. Дигар тарафи масъала аз мутахассисон ва кормандони вазорати фарҳанг вобаста аст.
Радиои Озодӣ: Тӯли солҳое, ки дар хориҷа кор мекардед, даъвате нашуда буд?
Барзу Абдураззоқов: Не, ин дар сатҳи суҳбат аст. Шарти ман, шарти онҳо, куҷо равона мешавем, чӣ нақшаҳо дорем, масъалаи қарордоди ман ва дар саҳна чӣ гузоштан... Агар аз ҷониби раҳбарони театрҳои Тоҷикистон таклиф шавад, ман омода ҳастам. Ман мехостам, ки бештар ба Ватанам хидмат кунам. Сӯҳбатҳо ва "агар"-ҳои зиёде буд. Ин гуна сӯҳбатҳо сари пиёлаанд ва ҷиддӣ нестанд.
Радиои Озодӣ: Ин "агар”-ҳо, ба назари Шумо, чӣ маънӣ дошта метавонанд?
Барзу Абдураззоқов: Албатта, тарс аст. Ростӣ, аз ин интригаҳо хабар надорам ва воридаш ҳам нестам.
Радиои Озодӣ: Бархе дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳое, ки ба танқиди вазъ дар кишвар машғул ҳастанд, тавони дидани пешрафту ободии кишварро надоранд. Шумо худро ба ин гурӯҳ шомил мекунед?
Барзу Абдураззоқов: Он одамоне, ки ин гапро мегӯянд, пеш аз ҳама, фикр мекунам, ки камақланд. Чӣ тавр мешавад, ки дар ин Ватан зиндагӣ куниву онро дӯст надорӣ? Мешавад, ки мо падару модарамонро танқид мекунем. Намешавад, ки ҳама чиз хуб бошад. Дар Шветсияе, ки беҳтарин мамлакати ҷаҳон аст, имрӯз аз лиҳози иқтисодӣ ва масоили дигар танқид мекунанд. Намешавад ҳар рӯз дурӯғ гӯӣ. Агар қубури хонаамон вайрон бошад, чӣ хел мегӯям, ки «не, ин хуб аст". Агар роҳ валангор аст, чӣ хел мешавад гуфт, ки «не, ин роҳ хуб аст». Агар ман як чиз гуфтам, ҳатман ба фоидаи миллат мегӯям. Агар мо нагӯем, ки ин роҳ нодуруст аст, ин фикр нодуруст аст, дигар пешравӣ намешавад. Намоишҳо ва филмҳои беҳтарини ҷаҳон ҳатман танқид меёбанд. Ҳамон одамоне, ки ин гапро мегӯянд, назди табиб раванд, ба онҳо гӯяд, ки шуши ту касал аст, онҳо бовар мекунанд. Вақте мегӯем, ин роҳ хато аст, мегӯянд, "душмани миллатӣ”. Ин аз рӯи кадом мантиқ аст?
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон солҳои охир намоишномаҳои ба истилоҳ сиёсӣ ҳам зиёд мешавад, ки дар онҳо мавзӯъҳои мубориза бо терроризм ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ мегарданд. Муаллифи яке аз ин намоишномаҳо вазири умури дохилии Тоҷикистон мебошад. Ба ин чӣ назар доред?
Барзу Абдураззоқов: Хуб аст, ки менависад. Агар вазири умури дохилӣ драма навишта бошад, аз ин чиз хеле хурсандам. Мебинам, ки ин мард фарҳангӣ аст ва театрро дӯст медорад. Аммо чизе гуфта наметавонам, зеро намоишро надидам ва асарро нахондам. Агар, ки хондам, фикрамро мегӯям. Ба ҳар ҳол, ин чиз барои фарҳанги мо "плюс” аст.
Радиои Озодӣ: Агар имкони мулоқот ва суҳбат бо президенти Тоҷикистонро медоштед, чӣ мегуфтед?
Барзу Абдураззоқов: Гуфтаниҳоям хеле зиёд аст. Пеш аз ҳама, мегуфтам, раиси ҷумҳур, мамлакате, ки Шумо раҳбарӣ мекунед ва дӯст медоред, ман ҳам ҳамон қадар дӯст медорам. Барояш чӣ қадаре, ки Шумо месӯзед, ман ҳам ҳамон қадар месӯзам. Мегуфтам, биёед як кор кунем: ба ман як миқдор пул, озодӣ ва 5 сол мӯҳлат диҳед. Пас аз 5 сол театри тоҷикро намешиносед. Сатҳашро хеле баланд мебардорем. Фақат иҷозат диҳед, ҳар чизе, ки мехоҳам бимонам ва ҳар касе, ки мехоҳам аз хориҷ даъват кунам ва ҳар ҷашнворае, ки мехоҳам дар Тоҷикистон гузаронам. Фақат як миқдор пул ва ҳайати кории хуб зарур аст ва баъд аз 5 сол театри тоҷик тамоман як рӯҳи дигар мегирад. Аммо ман ин гуна шароитро надорам. Мо беҳтарин коргардонҳоро метавонем даъват кунем. Масалан, чаро метавонем як мураббии футболро аз хориҷ даъват кунем, аммо коргардонро даъват накунем? Дар ҳақиқат, мехоҳам сӯҳбат кунам ҳамроҳашон. Ғайр аз ин, ба раиси ҷумҳур чанд таклиф ҳам дорам. Барои мисол, аз кино мегуфтам, аз адабиёт мегуфтам, масъалаи драматургияро низ мегуфтам. Тоҷикистон ба ягон фестивали ҷаҳонӣ намеравад. Мо аз ин тариқ метавонистем Тоҷикистонро аз сарҳад барорем ва ба ҷаҳониён шинос кунем. Вале хеле дасткӯтоҳам. Дар ҷаҳон ҳар сол 30 ҳазор ҷашнвора мегузарад, наход дар ягонтои он ҷой нагирем?
Радиои Озодӣ: Агар вазъи ҳозираи театрҳои Тоҷикистонро бо гузашта муқоиса кунем, чӣ пешрафт шудааст ва чӣ камбудҳо вуҷуд дорад?
Барзу Абдураззоқов: Қаблан рақобат буд ва ҳоло тамоман вуҷуд надорад. Ҳоло вазъи театрҳо дар он сатҳи пеш нест. Аслан ҳар коре, ки мо дар солҳои 1985-1993 кардем, натиҷаи рақобат буд. Яъне, ман медидам, ки Фаррухи Қосим чӣ кор мекунад, ӯ медид, ки Тоҳири Баҳром чӣ кор мекунад ва дар "Парасту” ҳама ҷамъ мешудем. Тасаввур мекунед, рақобат чӣ қадар театрро зинда мекунад. Медонем, ки дигар он сатҳ нест. Бо кумаки мутахассисони берунӣ аз ин ботлоқ бояд бароем. Пеш сензура набуд, ки театрҳо рушд карданд. Касе намегуфт, ки инро мон ва онро намон. Калимаи "манъ” набуд. Бубинед, имрӯз бо дасту пою забони баста ва гӯшу чашми баста чӣ хел театрро сохтан мумкин аст? Мо ба наздикӣ бо театри "Жас Саҳна” аз Арманистон омадем, тамоми шаҳр аз он афишаҳои намоишҳову ҷазфестивалҳову рокконсертҳо пур буд, гумон мекардӣ, ки ид аст. Бубинед, дар Душанбе ягон афишае намеёбед. Мо кассири театр надорем ва ин мақом маънояшро гум кардааст. Муҳит хеле вазнин аст, фарҳанг оҳиста-оҳиста маънояшро гум мекунад. Бубинед, ки фарҳанги театрравӣ, китобхонӣ, драмманависӣ, фарҳанги китоб гирифтану китоб додан гум шуд. Муҳитро ҳатман аз ин шок баровардан зарур аст. Ҳоло каме муҳлат ҳам аст, ки мо тавонем онро аз ин кома барорем, вагарна хеле дер мешавад.
Радиои Озодӣ: Шумо таҷрибаи кор дар Қирғизистону Қазоқистонро доред. То куҷо шароити кор дар ин ду кишвар бо Тоҷикистон тафовут дорад ва агар бошад, дар чӣ аст?
Барзу Абдураззоқов: Он ҷо умед доранд, ин ҷо умед надоранд. Масалан, онҳо пагоҳ ё пагоҳи дигар медонанд, ки ба куҷо мераванд. Театри "Жас Саҳна” медонад, ки моҳи апрел кадом фестивал меравад ва моҳи май ба кадом ҷашнвора. Ё моҳи майи соли 2019 кадом коргардон меояд ва июли 2021 чӣ нақша доранд. Дар куҷо дидаед чунин нақшаҳоро дар мо? Як моҳ баъдро касе намедонад чӣ мешавад ва он нақшаро низ надоранд.
Радиои Озодӣ: Агар ҳоло дар Тоҷикистон кор мекардед, гузоштани намоиши кадом асарҳоро муҳим мешуморидед?
Барзу Абдураззоқов:Ин аз театрҳо вобаста аст. Зиндагӣ ҳар рӯз дигар мешавад. Имрӯз як фикр дорам, пагоҳ фикри дигар. Ҳатман як чизи хубро интихоб мекардам.
Радиои Озодӣ: Вокуниши ҳамкоронатон дар "Жас Саҳна” ба тасмими Шумо чӣ буд?
Барзу Абдураззоқов: Хеле ашки зиёд рехтанд. Дар саҳифаҳои Фейсбук навиштанд, ки нарав ва ба театр баргард. Таҳаммули ҳамаи ин бароям сахт буд.
Радиои Озодӣ: Як шахсияти шинохта ҳастед ва бисёриҳо мехоҳанд дар бораи зиндагии берун аз театрии Шумо низ донанд. Оё кору зиндагии Шумо дар хориҷа ба тарбияи фарзандон таъсир намерасонад?
Барзу Абдураззоқов: Не таъсир намерасонад, чун оилаи ман худ аҳли китоб аст, фарзандонамро бисёр хуб тарбия мекунад. Номи оилаам Шоира аст, хеле дӯсташон медорам. Ихтисосаш журналистика аст ва се фарзанд дорам. Писари бузургам Беҳрӯз, писари миёнаам Каюмарс ва духтарчаам Ҳанно ном дорад. Духтарчаи хурдиям ҳамроҳи оилаам бо ман дар хориҷа буданд. Бо ман ба Ватан баргаштанд ва чанд рӯз баъд, ки ман хориҷа меравам, онҳо дар хона бо модарам мемонанд. Шоира як занест, ин ин қадар китобро дӯст медорад ва ҳар рӯз ҳам дарси мусиқӣ ва ҳам дарси китоб мегузорад бо духтарчаам. Фарзандонам дар дасти зани хеле хуб мебошанд, агар метонистам ман худам дарс мегирифтам аз Шоира.
Радиои Озодӣ: Ҳамсаратон бо Шумо дар кору зиндагӣ ҳамфикр аст?
Барзу Абдураззоқов: Ҳамсарам ҳамақидаи ман нестанд. Агар чунин мебуд, шояд он қадар хуб набуд. Вақте як намоиш мемонам, пеш аз ҳама мехоҳам, ки ҳамсарам фикрашро гӯяд. Аз нигоҳаш мефаҳмам, ки кор карда тавонистам ё не. Танқдиҳояшро хеле хуб қабул мекунам. Хуб аст, ки ҳамсӯҳбати хуб дорам.
Барзу Абдураззоқов кист?
Барзу Абдураззоқови 59-сола фарзанди ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст. Ӯ соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Се сол пеш барои кор ба Қазоқистон рафта буд. Барзу Абдураззоқов дар гузашта дар театри Камоли Хуҷандӣ ва театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст.
Бознашр аз радиои "Озодӣ"
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст