Шоири хушноми тоҷик бону Гулрухсори Сафӣ имрӯз 71 сола мешавад. Барои ӯ саломатӣ ва муваффақият мехоҳем.
Ӯ 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»(1970-1981) кор кардааст.
Гулрухсор солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асосиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991).Президенти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994 - 2004, Русия) буд. Зодрӯз муборак, Устод Гулрухсор!
Эҷодиёт
Асарҳои Гулрухсори Сафӣ (назму наср ва илм) ба забонҳои гуногуни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ авввалин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мебошад. Аввалин шеъраш «Баҳор» 1962 унвон дошт. Шеъри ин шоири наврас «Тоҷикистон» ҳамон сол дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм «Қаротегини советӣ» чоп шуд.
Аввалин маҷмӯаи шеъриаш «Бунафша» соли 1970 бо дуои устод Мирзо Турсунзода ва пешгуфтори устод Боқӣ Раҳимзода ба дасти мухлисонаш расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.
Ба дунболи китобҳои «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар» (1984, бо ҳуруфи форсӣ) «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988),«Тахти сангин» (1992),«Зодрӯзи дард» (1995),«Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» (2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шӯъла дар санг» 2011, «Таронаи Ватан» 2012, ба нашр расиданд.
Дар Эрон ҳашт китоби шеъру насри Гулрухсор дар интишороти гуногун нашр шуда, намунаи ашъори шоир дар китобҳои дарсии Эрон таълим дода мешавад.
Осор
•1. Бунафша. - Душанбе: Ирфон, 1970.- 46 с.
•2. Хонаи падар: Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе: Ирфон, 1973.- 80 с.
•3. Шабдарав: Шеърҳо. - Душанбе: Ирфон, 1975. - 64 с.
•4. Афсонаи кӯҳӣ. - Душанбе: Маориф, 1975.-32 с.
•5. Дунёи дил: Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе: Ирфон, 1977.-191 с.
•6. Ихлос: Шеърҳо. - Душанбе: Маориф, 1981.- 128 с.
•7. Оташи Суғд: Китоби шеърҳои нав.-Душанбе: Ирфон, 1981.-160 с.
•8. Оинаи рӯз.- Душанбе: Ирфон, 1984.- 176 с.
•9. Гаҳвораи сабз. - Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),
•10. Сипар. - Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),
•11 Шабнам: Шеърҳо. - Душанбе: Ирфон, 1986.-63 с.
•12 Рӯҳи Бохтар: Шеърҳо ва достонҳо. - Душанбе: Адиб, 1987.-400 с.
•13. Қасидаи кӯҳистон: Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе: Адиб,1988.-240 с.
•14. Занони Сабзбаҳор: Роман. - Душанбе: Адиб, 1990.-320 с.
•15. Тахти сангин. - Душанбе: Адиб, 1992. - 160 с.
•16. Зодрӯзи дард: Маҷмӯаи шеърҳои нав.-Москва: Манзума, 1994.-128 с.
•17. Зан ва ҷанг: Маҷмӯа. - Душанбе: Матбуот, 2001.- 200 с.
•18. Девон: Девони ишқу ханда. - Душанбе: Пайванд, 2004.-958 с.
•19. Сад барги ғазал. - Душанбе,2007,
•20. Ҷовидона. - Душанбе,2009)
•21. Шӯъла дар санг. - Душанбе: Адиб, 2011.-384 с.
•22. Таронаи Ватан: Шеърҳо.- Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2012.-90 с.
Мукофоту ҷоизаҳо
•Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1976);
•Ҷоизаи ВЛКСМ (1978);
•Ҷоизаи Америкоии ба номи Х. Хамет (1994);
•Шоири халқии Тоҷикистон (1999);
•Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(2003).
Гузиниш аз сомонаи Ахбор
2