Нармафзори «Вожаномаи Шакурӣ» аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ҳовии беш аз 490 000 (чаҳорсаду навад ҳазор) вожа, таркиб ва истилоҳи тоҷикӣ, ҳамроҳ бо имлои онҳо ба хатти форсӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла техникӣ, пизишкӣ, фарҳангӣ ва… дар вебгоҳи пажӯҳишгоҳ қарор гирифт.
Корбарони тоҷик ё донандагони хатти сириллик дар нишонии вебгоҳи http://pertaj.com/payvand/lugatnoma/ метавонанд аз имкони ҷустуҷӯи вожаҳои тоҷикии маврид назар ва маънои он, ҳамроҳ бо муодилҳои русӣ, олмонӣ, инглисӣ ва ё баръакс, дар ин барнома истифода кунанд. Ҳамчунин, имкони ба рӯзрасонии додаҳо барои корбарон пешбинӣ шудааст, ки пас таъйид, ба вожанома афзуда хоҳад шуд.
«Вожаномаи Шакурӣ» дар фазои маҷозӣ қобили истифода дар системаҳои Google Android, Apple MacOS, Microsoft Windows, Web аст.
Ин барнома ба поси хадамоти устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ – узви фақиди пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон, ба ин ном интихоб шудааст.
Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар тӯли се соли ахир, пас аз бозгушоӣ тавассути Бунёди Саъдӣ, барномаҳои корбурдии «Беҳрӯзиён», вежаи нависагардонӣ аз форсӣ ба кириллӣ ва баръакс; «Фонус», ҷиҳати боргирӣ ва мутолиаи осори пажӯҳишгоҳ ба ду хат ва барномаи «Намоён», ба манзури таҳияи намоя ва пайкараҳои забониро таҳия ва дар вебгоҳи худ ба нишонии www.pertaj.com дар дастраси корбарон қарор додааст.
http://pertaj.com
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст