Please update your Flash Player to view content.
Баъд аз фурупошии Шуравии собиқ дар 9/9/1991 истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом шуд. Неъмати истиқлол неъмати арзишманде аст ва барои расидан ба он миллати мазлуми мусулмони тоҷик баҳои зиёде додааст. Баъд аз истиқлол ва рӯҳияи диндорӣ, Худохоҳӣ ва арзишҳои маънавӣ миллати мусулмон тоҷик барои доштани фазои орому озод ва мустақил барои диндорӣ ва Худопарастӣ талош кард ва дар ин роҳ хастагӣ надорад. Аз қадим душманони забуну ғоратгару саркубгари миллати мусулмони тоҷик чашми дидани ифтихору истиқлоли ӯро надоштанд ва аз ҳеҷ ҷинояту хиёнат ва тӯҳмату ва ваҳшатафканӣ дареғ накарданд. Хостанд ӯро бардаи хостаҳои шаҳвонӣ, шайтонӣ ва ҳайвониву бединии худ намоянд ва ному номуси ӯро лагадмол кунанд, вале ҳеҷ гоҳ ба мақсади шуму палиди худ нарасиданд, агарчӣ заҳматҳои зиёде бар сари миллати мусулмони тоҷик бор карданд. Субҳи умеду қуллаҳои бандагӣ дар пеши рӯст. Мо ҳам ин рӯз ва эълони истиқлоли ҶТ-ро ба ҳамаи касоне, ки содиқона қалбҳояшон барои найли он метапад табрик мегӯем ва умедворем иззату истиқлоли кишвару миллат пурранг шавад.
Шоири хушсалиқаи тоҷик ҷаноби Муҳаммадалии Аҷамӣ дар ҳақиқат дарду умеди миллатро хеле зебо ба назм даровардааст, ки тақдим мегардад.
Ҳақиқат
Гоҳ-гоҳе пурсам аз худ
Дар замини Тоҷикистон
Ин қадар санг аз куҷо пайдо шудаст
Дар дили фарзанди тоҷик
Ин қадар нанг аз куҷо пайдо шудаст
Медиҳам бар худ ҷавоб
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд
Ҳам парешон кардаанд
То накорад донаи худро дигар
То насозад хонаи худро дигар
То бихушкад тухми тоҷик дар миёни сангҳо
Баҳри халқи ман дар ин дунёи шур
Зиндагӣ осон набуд
Дар таҳи ор
Дар таҳи ғор
Зиндагонӣ менамуд
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд
Хонавайрон кардаанд
Ҳам парешон кардаанд
Лек тоҷик тан надод
Бар адӯ гардан надод
Сангҳоро чида-чида
Дар бари ҷар
Дар сари ҷар
Хонае аз санг кард
Хонае аз нанг кард
Дар миёни сангҳо ҳам зинда монд.
Муҳаммадалии Аҷамӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти