Please update your Flash Player to view content.

Паноҳ мебарем ба Худо аз шарри шайтони рондашуда
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Мутаассифона дар шаҳри Душанбе наққошиҳои М. Давлатова (25 сола), ки мухолифи таълимоти исломӣ, инсонӣ ва фарҳанги милли тоҷикон ва тарвиҷкунандаи фаҳшо ва гуноҳ ва паст задани арзиши зан махсусан зани тоҷик аст ба намоиш даромад. Ҳатто онҳое, ки ӯро дар ин кори гуноҳолуд ва роиҷкунанда ва ташвиқкунанда ба гуноҳ ва бебандуборӣ ҷасур гуфтаанд корашро мухолиф ва зидди фарҳанги динӣ ва миллӣ донистаанд. Албатта аз нигоҳи тоҷики мусулмон ин кор гуноҳ, ташвиқ ба гуноҳ ва ривоҷи фарҳанги шайтонӣ ва асорати шаҳвонӣ аст. Дар ин наққошиҳо беэҳтиромӣ ва масхара кардани арзишҳои динӣ ва миллӣ ошкор аст. Ин наққош исёнгар аст. Ӯ ба таълимоти динӣ, ки амру наҳйи Худо ва Расули Худо(с), ҷойгоҳ ва арзиши зан ва фарҳангу арзишҳои суннатии тоҷикон исён кардааст. Мутаассифона худи наққош ба ин қасду ғараз ва исёни худ эътироф дошта ва ин корро огоҳона ва дониста анҷом додааст. М. Давлатова рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ин расмҳо мехоҳад, як навъ эътирозашро аз вуҷуди мушкили нобаробарии ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баён кунад. Ин фарҳанги шайтонӣ ва асорати ҳавонӣ аст на инсонӣ. Худои меҳрубон ба пӯшиши ва покдомании зану мард махсусан зан таъкиди фаровон кардааст ва онҳоро аз бараҳнагӣ ва кашфи аврат дар муқобили дидагони номаҳрам ва иҷтимоъ барҳазар дошта барои гуфтор, рафтор, андеша ва ҳузури занон дар ҷомеа ва хонавода дастурҳои лозим ва саодатофарин ва амниятбахш баён кардааст ва бараҳнагиро кору хоста ва талоши шайтон номидааст.
Мутаассифона бархурд ва мубориза бо муқаддасоти динӣ махсусан ҳиҷобу пӯшиши занони мусулмон бо унвонҳои фиребандаи шайтонӣ ин гуна натиҷа медиҳад.
Ин кори нангинро, ки бо унвони ҳунар –албатта ҳунари олуда ва шайтон- маҳкум мекунем ва умедворем ҷомеаи мусулмони тоҷик иҷозат надиҳад, ки фарҳанги шайтонӣ ривоҷ пайдо кунад ва дигар шоҳиди такрори чунин кори нангин набошем. Ҳамаи мардону занон ва мусулмонон вазифа доранд бо амр ба маъруф, ки пӯшидагӣ, покдоманӣ ва пойбандӣ ба дину дастури Худо ва Расули Худо(с) ва фарҳанги ҳаёву покӣ ва наҳй аз мункар маҳкум ва эътироз кардан ба ин гуна ҳанҷоршиканӣ саҳми худро дар муқобили фарҳанги шайтонӣ бигузоранд.
Ниҳодҳои динӣ ва фарҳангии кишвар набояд тамошобин ва бетафовут бошанд, балки эътироз ва норизоятии худро нисбати ин масъала ва нигаронии худро аз олудагии бештари гуноҳу фикри гуноҳ эълом кунанд. Мо нисбат ба ояндаи фикру фарҳанги динӣ ва миллии худ ва наслҳои баъдӣ нигаронем ва ин гуна иқдомотро мухолифи таълимоти дин ва фарҳанги покиву ҳаё ва инсоният медонем.
Наққош бо он ангезае, ки дорад ва ҳамаи касоне, ки ӯро бо ташвиқ, сукут ё фазо ва фурсат додан ҳимоят кунанд дар гуноҳи тарвиҷи фаҳшо ва фикру фарҳанги шайтонӣ ва асорати шаҳвонӣ ва ҳайвонӣ шарик ҳастанд ва мунтазири иқоб ва азоби Худо ва нанги дунё ва охират бошанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти