Please update your Flash Player to view content.

АИ ҶТ маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷикро дар қолаби китобе мунташир кард.
Ин китоб бо унвони "Садриддин Айнӣ - маорифпарвар", маҷмӯае аз мақолаҳои ироашуда дар конфронсҳои дохилӣ аст ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ифтихори 140 солагии устод Айнӣ мунташир шудааст.
Дар ин китоб мақолаҳои соҳибназарони кишвар дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои устод Садриддин Айнӣ аст, ки бо талоши Хуршед Зиёӣ, Обидҷон Маҳмудзода ва Эҳсон Сафарзода таҳия шуда ва зери назари профессор Сайид Нуриддини Саид дар тиражи 300 нусха ба чоп расидааст.
Дар пешгуфтори ин китоб хондани он ба устодон ва омӯзгорон, донишҷӯёни муассисоти таҳсилӣ ва муҳаққиқон пешниҳод шудааст.
Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чанд ҳамоиши муҳим ба ифтихори устод Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин имсол Хона-музеи Садриддин Айнӣ аз нав таъмир ва барои боздиди умум омода шуд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти