Бар асоси эъломи Маркази исломии ҶТ рӯзи 15 июн аз соати 6:00 иди саъиди Фитр дар қаламрави ҶТ таҷлил мешавад. Моҳи Рамазони имсол 29 рӯз аст. 
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта рӯзи иди қурбон ба рӯзи якуми сентябр рост омада буд ва бо вуҷуди ин ки ин рӯз ҷузви рӯзҳои таътили расмии кишвар аст ба қарори вазорати Маориф ҳамаи талабаҳои мактабҳо ва устодон вазифа доштанд дар мактаб бошанд ва рӯзи аввали донишро қайд кунанд. Ин масъала сару садое дар миёни мардум роҳ андохт. Дар тавҷеҳи ин кори вазорат гуфта шуд, ки ниҳодҳо ва мақомот метавонанд барои афроди тобеи худ тасмим бигиранд. Имсол бар асоси ахбори расонаҳо баҳси ҷамъоварии фитрия аз сӯи имомон ва комисияи махсус эътирозҳоеро дар миёни мардум барангехта аст. Аз назари мардум ин навъе дахолат дар корҳои диндорон ва маҳдуд кардани озодиҳо ва ҳуқуқи онҳост. МИТ ҳамчун гузашта аз ин тасмими мақомот ҷонибдорӣ карда онро иқдоми нек донистааст.
Э. Раҳмон дар суханронии пурсару садои худ дар 12/5/2018 пеш аз моҳи шарифи Рамазон гуфта буд, ки 60% мардуми Тоҷикистон наметавонанд рӯза бигиранд ва ҳозир мавсими ҷамъоварии маҳсулот аст ва падари хонавода зардолуҳояшро чинад, вагарна дар зимистон сахтӣ мекашад ва шиками бачаҳояш гурусна мемонад.
Бар асоси гузоришҳои расонаҳои хабарӣ имсол ҳам аз ҳузур ва намозхонии навҷавонон ва ҷавонони зери 18 сол дар моҳи бандагии Худо ҷилавгирӣ шуд. Ин дар ҳоле аст, ки замони тобистон мактабҳо таътил ва беш аз 90% шаҳрвандони ҶТ мусулмон ҳастанд. Имсол ҳам хабари баргузории имтиҳон дар рӯзи иди Фитр дар муассисаҳои таълимӣ боиси нигаронӣ ва эътирози мардуми мусулмон шуда буд, ки хабари лағви ҳар гуна имтиҳон дар рӯзи таҷлили иди саъиди Фитр, ки бар асоси қонун таътил аст, аз тарафи вазорати Маориф пахш шуд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст