Ба коргарони сохтмони неругоҳи Роғун рӯзахорӣ иҷозат дода шуд!
Баъд аз суханронии пурсару садои Э. Раҳмон пеш аз моҳи шарифи Рамазон ва ин ки 60% мардуми Тоҷикистон наметавонанд рӯза гиранд ва падари хонавода бояд зардолуи расидаро чинад то дар фасли сармо гурусна намонад чанд тан аз шурои уламои ҶТ ба Роғун рафта бо коргарони НБО-и Роғун дидор карданд.
Ба гуфтаи У. Нуров, муовини раиси шӯрои уламо С. Абдулқодирзода раиси ин шуро баъд аз дидани вазъи корри коргарон гуфт: “Мо вақте мавзеи корро дидем, рости гап, барои одами рӯзадор машаққат аст. Вақте вориди тунелҳо шудем, буйи дуду газ шароити корро хеле мушкил кардааст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред.”
Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тақрибан 20 ҳазор нафар, ки бештари онҳо дар ду баст - бо истироҳати 15 рӯзӣ - кор мекунанд. Шӯрои уламо гуфтааст, ин коргарон метавонанд, дар 15 рӯзи истироҳат “рӯзаи қарзӣ” бигиранд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст