Бино бар эъломи Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол 17 май оғози моҳи мубораки Рамазон аст. Ба гуфтаи ин шӯро ин рӯзро бо ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи АИ муайян кардаанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи Рамазон дар бештари кишварҳо мисли Русия 16 май оғоз мешавад.
Дар иттилоияе, ки дар сомонаи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад: "Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи Шаъбон, мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648 рӯйдоди ҳодисаи "Моҳи нав” рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи Шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.”
Шӯрои уламои ҶТ тақрибан ҳар сол оғози моҳи мубораки Рамазонро як рӯз дертар аз кишварҳои дигари исломӣ ҳисоб мекунад. Имсол низ дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин мисли Русия, ки беш аз як миллион аз муҳоҷирони тоҷик кор ва зиндагӣ доранд, 16 май ба унвони рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон эълон шудааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст