Please update your Flash Player to view content.

Академияи илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар арафаи 140-умин солгарди қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти шӯравии халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки ба санаи 15-уми апрел рост меояд, тамоми асарҳои ӯро дар 27 ҷилд аз нав ба чоп расонад.
Президенти АИ Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: “Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки сари ин масъала кор мекунад. Гурӯҳ ба хулосае омад, ки тамоми асарҳои устод Садриддин Айнӣ дар 27 ҷилд аз нав ба чоп омода карда шаванд. Аллакай феҳристи асарҳои пурраи чопшуда ва чопнашудаи устод Айнӣ тартиб дода шудааст. Ҷилди аввали он, ки пораҳои назмиро дар бар мегирад, омода шудааст ва ҳамин рӯз барои чоп муҳокима ва баррасӣ хоҳад шуд”.
Ба гуфтаи масъулини АИ пас аз рӯи чоп омадани ҳамаи ҷилдҳои асарҳои устод Айнӣ то рӯзи 140-солагиаш (15-уми апрели соли 2018) баъдан кор дар атрофи ҷилдҳои боқимондаи куллиёти Айнӣ идома меёбад.
Бознависӣ аз Risolattj

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти