Please update your Flash Player to view content.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба ин савол, ки наврасони тоҷик, аз ҷумла довталабони Донишкадаи исломӣ дар куҷо метавонанд аз таълимоти аввалияи динӣ бархӯрдор шаванд, посух дод, ки имтиҳони довталабони Донишкадаи исломӣ дар асоси барномаи таълимии макотиби миёна сурат мегирад: “Дохил шудан ба Донишкадаи исломӣ тариқи маркази тестӣ сурат мегирад ва аз фанҳое имтиҳон месупоранд, ки дар барномаи таълимии мактабҳои миёна мебошад”.
Масъулини Кумита изҳор доштанд, ки иттиҳодияи динӣ, масҷидҳои ҷомеъ метавонанд дар назди худ бо фароҳам овардани тамоми шароит марказҳои таълимии динӣ ташкил кунанд: “Иҷозатномаро барои таълими динӣ Вазорати маориф медиҳад. Аввал масоҷиди ҷомеъ барои роҳандозии таълим муроҷиат карданд, аммо иҷозатномаро дарёфт карда натавонистанд”.
Манбаъ афзуд, ки гуруҳи таълими динӣ танҳо дар назди Масҷиди Маркази исломӣ вуҷуд дорад, ки феълан фаъолият дорад.
Озодагон

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти