Please update your Flash Player to view content.

Коршиноси сиёсии тоҷик гуфт: Вобастагии фазояндаи иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба Чин дар баландмуддат ба зиёни ин кишварҳост, ба тавре ки дар оянда таъини сиёсат хориҷии ин кишварҳо бо ҳамоҳангии «Пекин» сурат хоҳад гирифт.
 «Хурсанд Хуррамов» коршиноси сиёсии тоҷик гуфт: «Пекин» дар зоҳир ҳадаф аз густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро иқтисодӣ унвон мекунад, аммо вобастаги фазояндаи иқтисодӣ ба Чин сабаб мешавад, ки ин кишвар дар тасмимгириҳои сиёсии кишварҳои минтақа низ дахолат кунад.
 Таъсири иқтисодии Чин таи 10 соли ахир бар Осиёи марказӣ омиле аст, ки эҳсосоти дугонаеро падид меоварад.
Пекин қарзҳо ва имтиёзҳое дар ихтиёри ин кишварҳо мегузорад, ки нисбат ба қарзҳои кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналамилалӣ баҳраи камтаре дорад ва аз имтиёзҳои хубе бархурдоранд, вале мардуми Осиёи марказӣ ҳамчунон аз фаъолияти Чин дар минтақа нигарон ҳастанд ва ба он эътимод надоранд.
Аз онҷое, ки мардуми кишварҳои Осиёи марказӣ дар умури сиёсии давлатҳо таъсиргузор нестанд, омили дувум таъсире дар равобити кишварҳои минтақа бо Чин надорад, аз ин рӯ гумони ғолиб ин аст, ки таъсири иқтисодии Чин дар кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Агарчи Чин дар равобиташ бо кишварҳои минтақа аз масоили сиёсӣ дӯрӣ меҷӯяд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии иқтисодии ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дӯр нест, ки дар оянда ҳарфи охирро дар сиёсат Чин бизанд.
 Ин коршинос бо ишора ба ин ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиард ва 300 миллион доллар расида, ки як миллиард ва 200 миллион доллари он аз Чин аст гуфт: Танҳо дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ Пекин дар иқтисоди «Душанбе» 76 миллион ва 600 ҳазор доллар сармоягузорӣ карда, ки ҳудуди 53% аз кулли сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин кишварро ташкил медиҳад.
 Чин дар солҳои ахир бо афзоиши сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва додани қарзҳои камбаҳра ба ин кишвар талош мекунад, ки чеҳраи фарҳангӣ ва иҷтимоии худро дар миёни тоҷикҳо беҳбуд бахшад.
 Роҳандозии давраҳои омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва фаъолияти институти «Конфутсия» ва таҳсили донишҷуёни тоҷик дар донишгоҳҳои Пекинро метавон аз талошҳои ин кишвар дар ин замина унвон кард.
 Чин ба истифода аз манобеъи тило ва филизоти рангии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад ва бештари корхонаҳои тавлиди тило дар ин кишвар бо сармоягузории банкҳо ва мушорикати коршиносони чинӣ фаъолият мекунанд.
 Стратегияи Пекин дар Тоҷикистонро бояд дар чорчуби иҷрои тарҳи «камарбанди иқтисодии роҳи абрешим» баррасӣ кард, ки яке аз аҳдофи аслии он тавсеаи минтақаи ғарби Чин аст.
 Барои иҷрои ин стратегия Пекин сармоягузори дар зерсохтҳои Тоҷикистон ва афзоиши гардиши коло бо ин кишварро оғоз кардааст.
 Дар ниҳоят бо гузашти 10 сол чин дувумин шарики тиҷории умдаи Тоҷикистон пас аз Русия ва бузургтарин қарздиҳанда ва сармоягузор дар ин кишвар шудааст.
Бознависӣ аз Форс

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти