Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ, филми ВКД-ро бепоя ва таассуфовар хондааст. Дар ин филм, ки шоми 8-уми август аз шабакаҳои давлатии телевизион пахш гардид, Эрон аз сармоягузорони терроризм ва қатли чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта муаррифӣ шудааст. Сафорати Эрон мегӯяд: Ин тафриқаандозӣ ба манфиати миллатҳо набуда, баёнгари он аст, ки бархе гуруҳҳо намехоҳанд муносиботи Тоҷикистону Эрон хуб шаванд.
Сафорати Эрон дар изҳороти расмӣ баён доштааст, ки иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад: “Шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд”.
Сафорат гуфтааст: Ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи навади мелодӣ ифо намуд.
Сафорат аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ёдовар шуда, афзудааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохтани иншооти зербиноӣ, монанди тунели стратегии Истиқлол (Анзоб) ва неругоҳи Сангтӯда-2 ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда ва ироаи хадамоти тиббиву беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (рҳ), эҷоди марказҳои варзишӣ, таъмири биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марказҳои донишгоҳӣ, кумак ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кӯмак ба таҳкими суботу тавсеа ва кӯмак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷкистон ва мустаҳкам шудани пояҳои давлати он надорад.
Дар идомаи изҳорот сафорат муборизаи Эрон бо терроризмро барои ҳамагон ошкор хонда гуфтааст, ки Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни терроризм аст: “Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдонии мубориза бо терроризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст”.
Сафорати Эрон дар поёни изҳороташ гуфтааст: “Пахши ин қабил филмҳои ғаразнок, баъд аз сафари ахири вазири энергетика ва захираҳои об ва раиси тоҷикиии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз Президенти муҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки баъзе гароишот ва доираҳо таҳаммули оддӣ шудани робитаҳо ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд”.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд”.
Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст