Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Феҳристи номҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, волидон метавонанд берун аз он низ фарзандонашонро номгузорӣ кунанд.
Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки шахсан набераашро Ашкиноз ном ниҳод, ки дар Феҳристи номҳои миллӣ нест: “Номро қабул карданд, шаҳодатнома гирифтам. Дар сурати зарурӣ комиссия номи пешниҳодкардаи волидонро баррасӣ мекунад, агар номи зебо бошад, қабул мекунад. Ин ба манфиати мо ҳаст. Ҳатто дар Русия нисбат ба тарзи дурусти номгузорӣ як таваҷҷӯҳи хос пайдо шуд. Кӯшиши аввал бекамбудӣ нест. Бо мурури вақт такмил мешавад”.
Ахиран Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт: Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандон пешниҳод мешавад.
Ба иттилои ӯ, дар Кумитаи тобеаш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки “ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо, хулосаи худро пешниҳод мекунанд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст”.
Ба иттилои масъулини Кумита, ду номи радшуда Асмоъ ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоъ буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.
Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.
Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст