Please update your Flash Player to view content.

ir va tjҲасани Қарибӣ, раиси пажуҳишгоҳи эронии фарҳанги форсии тоҷикӣ ва Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, мудири Донишномаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе дидор ва дар бораи густариши заминаҳои ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ,  омодагии Донишномаи миллии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо марокизи илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи таҳия ва суфориши мақола ва тарҷумаи мақолот эълом кард .
Ҳасани Қарибӣ низ бо ишора ба собиқаи ҳамкории устодони тоҷик дар таълифи мақолоти донишномаӣ дар Эрон аз ҷумла Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, нақши Донишномаи миллии Тоҷикистонро дар тамаркуз бахшидан ба ин фаъолиятҳо муассир донист .
Дар поён Мубашшир Акбарзод, ба унвони намояндаи Донишномаи миллии тоҷик барои густариши иртибот ва ҳамоҳангиҳои лозим бо тарафи эронӣ муаррифӣ шуд .
Дар ин нишаст, феҳристи осори Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Садри Зиё, Садриддини Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва Расули Ҳодизода ба суфориши Донишномаи забон ва адаби форсӣ барои таҳияи мақолот ба унвони гоми нахусти ҳамкорӣ, тақдими мудири Донишномаи миллии Тоҷикистон шуд

 Радиои тоҷикӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти