Please update your Flash Player to view content.

Мардуми кишвари азизам имрӯз бисту сеюмин солрӯзи истиқлолияти кишвари азизам Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Ба муносибати бистусеюмин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон имрӯз дар саросари кишвар таътили расмии умумӣ эълом шуда аст ва мардум ин рӯзро бо барпоии намоишгоҳҳои мухталиф ва иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ гиромӣ медоранд.

Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоии арзон қимат барои истифодаи умум арза мешавад.

23 сол қабл дар нуҳуми сентябри соли 1991 дар нишасти Шурои олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, ки пештар яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ба шумор мерафт, эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд ва аз он рӯз ба баъд ҳама сола 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти