Please update your Flash Player to view content.

Ҳасан Руҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон хостори густариши равобити Теҳрону Душанбе шудааст.

Раиси ҷумҳури давлати исломӣ 2 сентябр дар мулоқот бо Неъматулло Эмомзода – сафири нави Тоҷикистон дар Теҳрон гуфтааст, “Эрону Тоҷикистон ҳамвора равобити дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ доштанд ва бо истифода аз зарфиятҳои мавҷуда ин ҳамкориҳоро бояд густариш диҳанд.”

Раиси ҷумҳури Эрон дар шарҳи хабари сафари худ ба Тоҷикистон гуфтааст, дар дидори дуҷонибаи раҳбарони олии ду кишвар роҳҳои амалӣ шудани тавофуқоти пешини Душанбею Теҳрон баррасӣ хоҳад шуд. Сафири нави Тоҷикистон дар Эрон низ дар пайи супоридани эътимодномаи худ ба Ҳасан Руҳонӣ ибрози умедворӣ кардааст, дидори ӯ аз Тоҷикистон боиси тавсеа ёфтани равобити ду кишвар хоҳад шуд. Ба гуфтаи Эмомзода, вай барои адои вазифаи худ дар фароҳам овардани густариши равобити Душанбею Теҳрон, махсусан дар арсаи иқтисод талош хоҳад кард.

Ҳасан Руҳонӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ дар садри як ҳайат 12 сентябри соли ҷорӣ ба Душанбе меояд. Ин нахустин сафари ҷаноби Руҳонӣ ба Тоҷикистон буда, интизор меравад, дар ҷараёни он чархаи дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба кор дароварда шавад. Чархаи дуюми неругоҳи мазкур қарор буд ибтидои соли 2013 ба кор дарояд, вале бо далели пурра омода набудани агрегат ба таъхир гузошта шуд. Соҳибназарон мегӯянд, сабаби ба таъхир афтодани баҳрабардорӣ аз агрегати дуюми “Сангтӯда-2” метавонад, қарзҳои пардохтнашудаи ширкати “Барқи Тоҷик” аз ин нерӯгоҳ бошад.

ozodagon.com

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти