Please update your Flash Player to view content.

Тайи сафари расмии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон, ҳудуди 10 санади расмӣ ва умадатан дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо хоҳад расид.

Дар ин бора Сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба Хабаргузории “Форс” иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Сайидмаҳмуд Садрӣ, Сарпарасти Сафорати Эрон гуфтааст, ки ин санадҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва технологии ду кишвар сутун ва зербиноҳои наве эҷод хоҳанд кард.

Садрӣ гуфтааст, ки дар дастури кори сафари расмии Рӯҳонӣ ва дидори бо Раҳмон дар заминаи илмӣ ва донишгоҳӣ низ масоиле мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд ва ба ин манзур марказҳои илмӣ, донишгоҳӣ ва пажӯҳишии Эрон пешниҳодҳои хуберо ба тарафи тоҷик ироа додаанд ва акнун ҳар ду тараф дар ҳоли музокара ҳастанд.

Сарпарасти Сафорати Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин санадҳо метавонанд саҳифаи ҷадидеро дар равобити марказҳои илмӣ ва донишгоҳии ду кишвар, ки поя ва асоси пешрафти муносибот ҳастанд, рақам зада ва фурсатҳои муносиби ҳамкорӣ миёни нухбагон ду кишвар эҷод кунад.

Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар назар аст 10-уми сентябри соли ҷорӣ озими Душанбе мешавад.

Гуфта мешавад, тайи ду соли ахир муносибатҳои гарми Тоҷикистону Эрон рӯ ба сардӣ гароида, пас аз анҷоми муҳлати сафири Эрон дар Тоҷикистон Алӣасғари Шеърдӯст наздик ба як сол мешавад, аммо Теҳрону Душанбе дар мавриди интихоб ва таъйини Сафири Эрон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидаанд.

tojnews.org

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти