Фаро расидани иди саиди фитрро ба ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта ба ҳамаи онҳо саломатиро аз даргоҳи Худованди Мутаол хоҳонем!

Иди саиди Фитр, иди поён ёфтани Рамазон нест. Иди баромадани инсони нав аз хокистарҳои хештани хеш аст. Рамазон курае аст, ки ҳасти инсонро месузонад ва одами нав бо ҷони тоза аз он сар бар меоварад.

Худовандо туро шокирем, ки як моҳ меҳмон ва ин иҷозаро ба мо доди то саҳарҳо ошиқона бо ту сухан бигуем ва дарди диламонро бо ту бигуем ва акнун рузи аввали Шавволро бар мо ид гардонди ид бар ошиқон муборак бод!

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт

Сад шукр ки ин омаду сад ҳайф ки он рафт

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст