Please update your Flash Player to view content.

Порлумони Қирғзистон дар нишасти ахири худ, созишномаи байналмилалии рафтуомади бидуни монеи васоили нақлия бо Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши сайти Регнум, бар асоси ин созишнома, васоили нақлияи борӣ ва мусофирбарии Қирғизистон ва Тоҷикистони метавонанд бидуни монеъ ва ниёз ба муҷаввиз ба таври озодона дар қаламрави якдигар рафтуомад кунанд.

Ин созишнома шомили васоили нақлияи транзитӣ низ хоҳад шуд, ки аз қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон мегузаранд.

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Қирғизистон муътақиданд бо тасвиби ин созишнома дар порлумони ин кишвар, заминаи ҳаракати озодонаи васоили нақлия ва мусофирон аз қаламрави Тоҷикистон ва баръакс фароҳам мешавад.

Садои Хуросон

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти