Сардор Аёз Сиддиқ, раиси маҷлиси шӯрои миллии Покистон душанбеи ҳафтаи оянда (26 май)  бо барномаи сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

Ба гузориши Форс, манобеи расмии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар афзуданд,  ки ин боздид бо даъвати давлати Тоҷикистон ва ба манзури баррасии масоили тавсеаи равобити дуҷониба анҷом мегардад.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ Аёз Сиддиқ дар ҷараёни ин боздид бо раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров,, раиси Маҷлиси намояндагон, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Усмоналӣ Усмонализода, вазири энержӣ ва манобеи об дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Бино бар ин гузориш баррасии ҷанбаҳои ҳамкорӣҳои дуҷонибаи байни Покистон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин табодули назар дар мавриди масоили амнияти минтақаӣ дар дастури кори музокироти ин мақоми покистонӣ бо мақомоти сатҳи мухталифи тоҷик унвон шудааст.

Манобеи расмӣ боздид аз нерӯгоҳи Норак дар 70 километрии ҷануби шарқи Тоҷикистонро аз дигар бахшҳои барномаи сафари дурӯзаи ин мақоми порлумонии Покистон зикр кардаанд.

Садои Хуросон

2