Вазири фарҳанги кишварамон гуфт: Бо вуҷуди муштаркоти фарҳангии бисёр зиёди байни Эрон ва Тоҷикистон, мутмаинем ду кишвар барои якдигар аҳамияти зиёде доранд ва ҳеч гоҳ аз ҳам дур нахоҳанд шуд.

Ба гузориши ИРНА, Шамсиддин Орумбеков дар дидори Маҳмуди Садрӣ - сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки дар интихоби дӯстони худ мустақил амал мекунем, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон кӯмакҳои дилсӯзонае ба Тоҷикистон мекунад ва тавсиаи ҳар чӣ бештари равобит бо Эрон барои Душанбе аҳамият дорад.

Маҳмуди Садрӣ - сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бар аҳамияти табодули фарҳангӣ ва илмии байни ду кишвар ишора кард ва гуфт: Табодули устод ва донишҷӯ дар риштаҳои мусиқӣ, шеър ва адабиёт, ҳамкориҳои расонаӣ ба хусус дар бахши радио ва хабаргузориҳо ва пахши филмҳои тавлидии ду кишвар дар синамо ва телевизиони ду тараф аз мавридҳое аст, ки метавонад ба ғанои фарҳангӣ ва наздикии беш аз пеши Эрон ва Тоҷикистон кӯмак кунад.

Садои Хуросон



2