Please update your Flash Player to view content.

Ба номи Худо

Имом Саҷҷод(а), фарзанди баруманди Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, бино ба қавли машҳур дар нимаи Ҷимодилохири соли 38 ҳ.қ. дида ба ҷаҳон кушод[1].

Номаш "Алӣ", куняи машҳураш "Абулҳасан"[2] ва лақабҳои машҳураш "Зайнулобидин" ва "Саҷҷод" аст[3].

Он ҳазрат ду сол аз даврони пешвоии имом Алӣ(к), даҳ сол аз даврони пешвоии имом Ҳасани Муҷтабо(а) ва даҳ сол аз пешвоии падари бузургвораш имом Ҳусайн(а)-ро дарк карданд.

Худашон ба муддати 35 сол вазифаи пешвоӣ ва ҳидояти ҷомеаи исломиро бар ӯҳда доштанд[4].

Ин имоми ҳумом дар синни 57 солагӣ дар ҳудуди соли 95ҳ.қ.  ба дидори ҳақ шитофт.[5]

Ибодати холисона

Имом Зайнулобидин(а) дар ибодат ва бандагии Худованд, аз ҳамагон пешқадам буданд то онҷо, ки ҳама муътарифанд, ки ӯ зинати ибодаткунандагон буданд.

"كانَ عَليُِ بنُ الحُسَين شَديدُالاِجتِهادِ في العِبادَةِ" –

Алӣ ибни Ҳусайн дар ибодат бисёр кушиш мекарданд.

- Рӯз дар рӯза ва шаб ба ибодати Худо машғул буд. "نَهارُهُ صائمٌ وليلُهُ قا ئمٌ

- Ва ин амр то ҳадде буд, ки мояи садама бар ҷисми ӯ ба ҳисоб меомад."فَآضرَّ ذالكَ بِجِسمِه"   [6]

"كانَ عليّ بنُ الحُسَين غاية في العبادَةِтамоми талошро дар ибодат дошт. [7] "

Имом Саҷҷод(а) он қадар ба ибодат ва розу ниёзи бо Худо унс доштанд, ки ҳатто афроде чун Зуҳарӣ, ки аз уламои дарборӣ буд, нисбат ба ибодат ва ихлоси он ҳазрат ишқ меварзид. Чунон ки нақл шудааст: "Ҳар гоҳ номи Алӣ ибни Ҳусайн бурда мешуд, Зуҳарӣ гиря мекард ва мегуфт: Зайнулобидин!"[8].

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар шарҳи ҳоли имом Саҷҷод мегӯяд: Ӯ шахси сиқа ва обиде фақеҳ ва фозиле машҳур аст.[9]

Шамсуддин Заҳабӣ дар бораи ӯ ба нақл аз Саъид ибни Мусайяб менависад: Ҳаргиз бовараътар аз Алӣ ибни Ҳусайн надидам.[10] Ҳамчунин аз Зуҳарӣ менависад: Ҳаргиз донотар аз Зайнулобидин надидам.[11]

Ин гузоришҳо, танҳо бозгӯкунандаи гӯшаи ночизе аз ибодатҳо ва ниёишҳои имом Саҷҷод(а) аст. Бетардид, ҳеҷ қаламе тавони навиштан ва ҳеҷ забоне тавони тавсифи воқеии ин вижагиҳои барҷастаи ҳазратро надорад.

Бузургворӣ ва гузашт аз хатои дигарон

Аз ахлоқи бузургворон, дафъи бадӣ ба некӣ аст. Имом Саҷҷод(а) дар ин майдон низ пештоз буданд; чи бисёр касоне, ки нисбат ба ҳазрат бадрафторӣ мекарданд, вале он ҳазрат бузургворона гузашт мекард.

Замоне марде беруни хона ӯро диду носазо гуфт. Ходимони ҳазрат ба он мард ҳамла карданд, аммо имом Саҷҷод(а) фармуд: "Ӯро раҳо кунед". Сипас ба ӯ гуфтанд: "Ончи аз мо бар ту пушида мондааст беш аз он аст, ки медонӣ. Оё ҳоҷате дорӣ?"

Мард шарманда шуд ва Имом(а) гилемеро, ки бар дӯш доштанд ба ӯ доданд ва фармуданд, то миқдоре дирҳам ба ӯ бидиҳанд. Он мард аз он пас мегӯфт: "Гувоҳӣ медиҳам, ки ту фарзанди Паёмбар(с) ҳастӣ".[12]

Сираи он бузургвор бо ғуломон ва канизонашон низ намуна аст. Рӯзе яке аз ғуломони худро барои коре хостанд, вале ӯ посух надод. Бори  дуввум ва севвум низ ҳамин ин кор такрор шуд. Саранҷом аз ӯ пурсиданд: "Писарам, садои маро нашунидӣ?" Гуфт: "Бале шунидам". Фармуд: "Чаро посух надодӣ?". Гуфт: "Чун аз ту наметарсам". Имом (а) фармуд: "Сипос Худоро, ки ғуломи ман аз ман наметарсад!".[13]

Осори мансуб ба ӯ

Осоре дар қолиби дуо ва муноҷот ва баёни мабони ҳуқуқи инсонӣ аз эшон барҷой монда, ки ҳар кадом аз онҳо дунёе аз андешаҳо ва маориферо арза карда ва дар арзёбӣ аз ҷалолу ҷамолу шукуҳи бисёре бархурдоранд.

1. Дуоҳои ӯ

Дуоҳои ӯ ба Забури оли Муҳаммад(с) маъруф аст, ки дар  он ҷилваҳое аз шуҳрат ва азамат ва ҷумалоти зебо вуҷуд дорад, ки ҳар хонандаро ба шуур ва ҳаракат водор мекунад.

2. Саҳифаи Саҷҷодия

Маҷмӯае аз дуоҳояшон, ки 50 дуо аст, дар китобе бо номи Саҳифаи Саҷҷодия гирдоварӣ шудааст. Ин Саҳифа муҳимтарин ёдгори имом аст ва аз беҳтарин ҳидоятҳо барои такомули одамӣ ва ҳақиқатан чароғи роҳи башар аст, ки ҳудуди сад шарҳу тарҷума бар он нигошта шудааст.

4. Суханони имом

Аз имом Саҷҷод(а) суханони ҳакимонаи бисёре боқӣ монда, ки бахше аз онҳо дар китоби Туҳафулуқул гирд омада ва қисматҳои муҳимтари дигареро дар китобҳои дигар ва дар миёни аҳодис ва осори фиқҳӣ,  ахлоқӣ,  иҷтимоӣ ва ғайра бояд ҷустуҷӯ кард.

3. Рисолаи ҳуқуқ

Яке осори муҳимми дигари боқимонда аз он ҳазрат, рисолаи ҳуқуқ аст, ки дар он аз 51 ҳақ сухан ба миён омадааст, ки одамӣ бояд дар тули муддати ҳаёт онҳоро риоят кунад. Ин ҳуқуқ шомили ҳаққи Худо, ҳаққи худ, ҳуқуқи аъзои бадан ва... аст, ки дар бораи ҳар кадом мухтасар сухан гуфта ва дар воқеъ мабонии онро арза кардааст.

Мо ҳам қасд дорем барои ошноӣ бо ҳуқуқҳое, ки имом дар ин рисола баён намудаанд ин рисоларо дар чанд навбат пешкаши шумо намоем. Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи шинохти ҳуқуқи худ ва дигаронро ба мо ва амал кардан ба онро марҳамат фармояд.

 

 


[1] Шайхи Табарсӣ, Эъломулваро, ҷ.1, саҳ.480.  Шайх Муфид, Иршод, ҷ.2, саҳ.137.

[2] Арбилӣ, Кашфулғумма, ҷ.2, саҳ.260.

[3] Шайхи Табарсӣ, Эъломулваро, ҷ.1, саҳ. 480.

[4] Шайхи Муфид, Иршод, ҷ.2, саҳ.137.

[5] Мисбоҳ, Билозарӣ ва шайхи Муфид.

[6] Маноқиби Оли Абитолиб, ҷ.2.

[7] Ибни Абилҳадид, ҷ.1, саҳ.27.

[8] Маноқиби Оли Абитолиб, саҳ.180.

[9] Тақрибуттаҳзиб, ҷ.1, саҳ.692

[10] Сияри аъломи нубало, Заҳабӣ, ҷ. 4, саҳ.391.

[11] Ҳамон, саҳ. 386

[12] Арбилӣ, Кашфулғумма, ҷ.3, саҳ.296.

[13] Шайхи Табарсӣ, Аъломулваро, ҷ.1, саҳ.491.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти