Please update your Flash Player to view content.


Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Яке аз талхноктарин ҳодисаҳои таърих достони Карбало аст, ки афроде ба номи дин фарзанди Пайғамбари Ислом (с)-ро сар буриданд. Имом Ҳусайн(рз)-ро шубаҳоти Яҳудиёну Масеҳиён, куфргӯиҳои Абулавҷоъҳову зиндиқҳо ба шаҳодат нарасонд, балки фатвоҳои ҳамонанди Шурайҳи қозӣ буд, ки ба шаҳодат расонд!

Имом Ҳусайн (рз) қурбонии фатвоҳое шуд, ки аз минбари Расули Худо (с) дода мешуд. Касоне, ки дар муқобили Имом Ҳусайн (рз)  шамшер кашиданд, дар зоҳир афроди диндор буданд, ки аз кӯчактарин гуноҳ ба эътиқоди худашон худдорӣ мекарданд, онҳо Исломе доштанд, ки бемуҳтаво шуда буд, бо ин ки аҳкомаш риоят мешуд. Онҳо намехостанд Исломро аз байн бибаранд ва нобуд кунанд, балки Исолмеро мехостанд, ки муҳтавояш таҳриф шуда бошад; Исломе, ки бар ҳеҷ золиме муқобила накунад, Исломе, ки намоз, рӯза, закоту садақа ва ҳаҷ дорад, вале ҳамаи инҳо ки муқаддима барои расидан ба Худованд аст, инсонро  ба саодат намерасонад. Як Исолми бетараф бошад дар муқобили золимон, сухане аз мубориза бо золим дар он нест ва инсон ташхис намедаҳад, ки золим ва ситамгар кист?.

Ибодатҳои фардӣ ва аҳкоми фардӣ иҷро мешавад, вале бахши дигари Ислом, ки аҳкоми иҷтимоӣ аст фаромӯш мешавад, табиӣ аст, ки инсоне ҳамчун Имом Ҳусайн (рз) дар чунин ҷомеае наметавонад бетараф бошад ва даст рӯи даст бигузорад ва холӣ шудани муҳтавои динро назора кунад.

Он касоне, ки бар алайҳи Имом Ҳусайн (рз)  фатво доданд, якбор ҳам фатво бар зиди золимон ва касоне, ки аҳкоми динро зери по мегӯзоштанд надоданд, боре ҳам нагуфтанд, ки аҳкоми исломӣ зери по гузошта мешавад, чаро ки Имом дар посух ба ин ки чаро дар муқобили Язид қиём карда мегӯяд:

«... اَلا تَرَوْنَ اِلَي الْحَقِّ لا يُعْمَلُ بِهِ، وَ اِلَي الْباطِلِ لا يُتَناهي عَنْهُ، لِيَرْغَبَ الْمُؤْمِنُ في لِقاءِ رَبِّهِ حَقّاً حَقّاً، فَاِنّي لا اَرَي الْمَوتَ اِلَّا سَعادَةً، وَالْحَياةَ مَعَ الظَّالِمينَ اِلَّا بَرَماً...»

“Оё намебинед, ки ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил рӯи намегардонад? Шойиста аст, ки дар чунин муҳити нангбор (Инсони мӯъмин ва адолатхоҳ ва зиндакунандаи арзишҳои динӣ ва илоҳӣ бапо хезад) ва ба дидори Парвардигораш шуру шавқ нишон диҳад, ман дар чунин шароите маргро ҷуз хушбахтӣ ва зиндагӣ бо чунин золимонро чизе ҷуз ранҷу бадбахтӣ намедонам.”

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти