ТОЗАҲО:
Диққат дар офариниш
-
13.10.2019 06:55
Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “10”
-
28.08.2017 20:05
Чаро барои Ҳусайн (а) гирист?
-
19.09.2019 07:04
Роҳҳалли ғалаба бар хашм
-
23.02.2019 07:58
Ақсоми ибодат
-
21.04.2017 14:43
Искать...
Please update your
Flash Player
to view content.
Magic Social Icons - модуль joomla
Книги
Аслӣ
Маориф
Қуръон ва Ҳадис
Калом ва Фалсафа
Ахлоқ ва Ирфон
Ахком ва Ҳуқуқ
Дин ва мазҳаб
Донишмандон
Таърих ва достон
Фарҳанг ва адаб
Ҷомеа ва хонавода
Бонувон
Олами кудакон
Хабарҳо
Ахбори ҷаҳон
Ахбори тоҷикистон
Гуногун
Баҳсу мунозира
Сухани рӯз
Минбари Шумо
Китобхона
Mobile menu
Аслӣ
Маориф
Қуръон ва Ҳадис
Калом ва Фалсафа
Ахлоқ ва Ирфон
Ахком ва Ҳуқуқ
Дин ва мазҳаб
Донишмандон
Таърих ва достон
Фарҳанг ва адаб
Ҷомеа ва хонавода
Бонувон
Олами кудакон
Хабарҳо
Ахбори ҷаҳон
Ахбори тоҷикистон
Гуногун
Баҳсу мунозира
Сухани рӯз
Минбари Шумо
Китобхона
Матолиби тоза
нояб 02, 2019
113
АСАРИ ПУЛУ МОЛ
окт 23, 2019
109
Беҳтарин сарват
окт 15, 2019
140
Имом Ҳусейн аз забони Расули…
окт 15, 2019
153
Дар сӯзи мазлуми Карбало
окт 15, 2019
132
Ҳамосаи ҷаҳонии Арбаини Ҳусейнӣ
ТАМОС БО МО
Ном
*
E-майл
*
Пайғом
*
1000
максимум символов
ФИРИСТОДАН
Реҳлати ҷонсӯзи ҳазрати Хадиҷа (рз)
Подробности
Автор: M-Farhang
Опубликовано: 17 мая 2019
Создано: 17 мая 2019
Просмотров: 206
Печать
E-mail
туризм joomla
сми
курорты кубани
жизненные цели
блог о финансах
joomla
Даҳуми моҳи мубораки Рамазон реҳлати ғамангези Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Ҳазрати Хадиҷаи Кубро аввалин ҳамсари ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва аз бонувони бузурги олам аст. Падараш Хувайлид ибни Асад ва модараш Фотима бинти Зоида буд.
Шуғли ин бонуи солиҳа пеш аз издивоҷ бо Расули Аъзам(с) тиҷорат ва назди тоҷирони он замон ба унвони тоҷири амину солим шинохта шуда буд.
Абӯтолиб амӯи гиромии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с), ки сарпарастии он ҳазратро бар ӯҳда дошт ба эшон пешниҳод кард то бо сармояи Хадиҷа тиҷорат кунад ва он ҳазрат ҳам пазируфт.
Ҳазрати Хадиҷа(рз) овоза ва шӯҳрату амонатдорӣ, ростгӯӣ ва макорими ахлоқи ҳазрати Муҳаммад(с)-ро шунида буд. Аз ин рӯ аз ин пешниҳод бо хушнудӣ истиқбол кард.
Майсара ғуломи ҳазрати Хадиҷа(рз) баъд аз чанд сафари тиҷорӣ шигифтиҳои ахлоқӣ, амонатдорӣ ва баракати ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)-ро, ки дар ин сафар дида буд ба Хадиҷа бозгӯ кард.
Ин шинохт сабаби алоқаманд шудани ҳазрати Хадича барои издивоҷ бо он ҳазрат шуд. Хутбаи никоҳи онҳоро амӯи фидокораш Абӯтолиб хонд. Дар он замон ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) биступанҷсол ва ҳазрати Хадиҷа чиҳилсол доштанд.
Ин бонуи хирадманд баъд аз издивоҷ тамоми сарвати худро дар ихтиёри ҳазрати Муҳаммад(с) гузошт ва ба унвони ёри мушфиқ ва ҳамдами муносиб ва ёвари фидокори эшон дар амалӣ намудани барномаҳояш кӯмак мекард. Ҳазрати Хадиҷа (рз) ба ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт: Хона хонаи ту, мол ва дороӣ дар ихтиёри ту ва ман канизи ту ҳастам.
Ҳангоме ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) дар ғори Ҳаро машғули ибодат ва эътикоф буд ҳазрати Хадиҷа ӯро ташвиқ ва ҳимояти маънавӣ мекард. Вақте он ҳазрат ба паёмбарӣ баргузида шуд ҳазрати Хадиҷа аввалин зане буд, ки ба рисолат ва даъвати Расули Худо(с) имон оварда тасдиқ кард ва дар канори ӯ ҳамаи сахтиҳоро таҳаммул намуд ва бартарафкунандаи ғаму андӯҳи Расули Худо(с) шуд. Он ҳазрат ҳамроҳи Паёмбари Аъзам(с) ва ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) аввалин намози ҷамоатро дар канори хонаи Худо барпо намуданд.
Ин пайванди муборак беш аз 24 сол идома ёфт ва ҳосили он ду писар ба номҳои Қосиму Абдуллоҳ ва чор духтар ба номҳои Зайнаб, Умми Кулсум, Руқайя ва Фотимаи Заҳро буд. То замоне ки ҳазрати Хадиҷа дар синни 65 солагӣ аз дунё рафт Расули Худо (с) ҳамсари дигаре нагирифт.
Ҳазрати Хадиҷаи Кубро се сол сахттарин шароит –муҳосираи иқтисодии Қурайш- ро таҳаммул кард ва дар моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат аз дунё чашм пӯшид. Расули Худо (с) ӯро дар Ҷаҳун яке аз манотиқи шаҳри Макка дар қабристони Абӯтолиб канори қабрҳои Абдуманоф, Абдулмуталлиб ба хок супорид. Дар ҳамин сол ва замон буд, ки амӯи фидокори Расули Худо(с) Абӯтолиб ҳам аз дунё рафт. Аз даст додани ҳомиёни отифӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Расули Худо (с) хеле сахт буд, ба ҳадде ки он солро соли андӯҳ –Омулҳузн- номид.
Ҳазрати уммулмӯъминин Хадиҷаи Кубро (Саломи Худо бар ӯ бод) фазилатҳои беназир ва бисёре дорад, ки бо тавфиқи Худои меҳрубон дар бахшҳои баъд баён хоҳад шуд.
Ҷойгоҳи волои Уммулмуъминин Хадича(р) назди Расули Худо(с). Расули Худо(с) фармуданд: Аз занони дунё Марям духтари Имрон, Хадича духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад(с) ва Осия духтари Музоҳимҳамсари Фиръавн барои шумо кофӣ аст. Аз расули Худо(с) хитоб ба занонаш нақл шудааст, ки ҳазрат фармуданд: Ба Худо қасам Хадича ба ман ҳангоме имон овард, ки дигарон манро кофир медонистанд ва замоне ки дигарон маро тарк карда буданд, паноҳам дод ва молашро ба ман бахшид ва ман онро дар роҳи Худо сарф кардам ва Худованд аз тариқи ӯ ба ман фарзанд дод, дар ҳоле ки аз ҳеҷ кадоми шумо соҳиби фарзанд нашудам.
Сунани Тирмизӣ, 5/367
Назари худро ворид кунед
Ном (зарури)
Тоза намудани акси амнияти
Фиристодан
Инсироф
2