Please update your Flash Player to view content.
Имом Хумайнӣ дар истифодаи коғаз хеле сарфаҷӯӣ мекард. Боре ҷаноби Ризвонӣ, ки масъули молӣ ва корҳои имом буд, пушти мактубе чизе навишта ба имом фиристод. Имом дар коғази майдае ҷавоб доду пушти он навишт: Шумо дар ин коғази майда ҳам метавонистед бинависед.
Аз ин рӯ ҷаноби Ризвонӣ пас аз ин амри имом коғазҳои майдаро ҷамъоварӣ карда дар зарфе мегузошт ва вақте мехост барои имом чизе бинависад бар рӯи онҳо менавишт ва имом ҳам зери ҳамонҳо ҷавоб менавишт.
Хотираи Муҳаммадризо Носирӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ. 106

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти