Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Бо Паёмбари Акрам (с) бар ҷамъе гузаштем. Набии Мукаррам фармуд: Барои чӣ гирди ҳам ҷамъ шудед?
Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, ин мард девона аст, ки беҳуш мешавад ва мо бар гирди ӯ ҷамъ шудем.
Паёмбари Акрам(с) фармуд: Ин девона нест, балки бемор аст. Сипас фармуд: Дӯст доред девонаи ҳақиқиро бишиносед?
Гуфтанд: Бале, Эй Расули Аллоҳ!
Паёмбари Акрам(с) фармуд: Девона он кас аст, ки аз рӯи такаббур ва ғурур роҳ меравад ва бо гӯшаи чашмаш нигоҳ мекунад ва шонаҳои худро аз сари бузургӣ меҷунбонад ва бо он ки Худоро нофармонӣ мекунад, орзуи биҳишт аз Худо дорад. Мардум аз бадиаш осуда нестанд ва ба хайраш умеди нест. Девона ин аст, вале ин мард бемор ва гирифтор аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст