Паёмбари Худо (с) дар бораи ҷиҳод ва подоши муҷоҳидон сухан мегуфт. Дар ин байн, зане бархост ва пурсид: Оё барои занон ҳам аз ин фазилатҳо баҳрае ҳаст?
Расули Акрам(с) фармуд: Оре, аз ҳангоме ки занон бордор мешаванд, то лаҳзае ки кӯдакони худро аз шир боз мегиранд, ҳамонанди муҷоҳидон дар роҳи Худо подош мебаранд. Ва агар дар ин муддат аҷали онон фаро расад ва марг эшонро дарёбад, аҷр ва манзилати шаҳидро дарёфт хоҳанд кард.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст