Please update your Flash Player to view content.

Иброҳим гуфт: Табар бар дӯши бути бузург аст. Шояд ӯ ин корро карда бошад. Аз ӯ бипурсед?
Мардум аввал хомӯш монданд, онгоҳ ба ӯ гуфтанд: Бути бузург, ки наметавонад сухан бигӯяд, ҳатто наметавонад аз ҷои худ ҳаракат кунад ё ин ки аз худаш муҳофизат кунад.
Иброҳим, ки мунтазири чунин сухане буд гуфт: Пас чаро аз ӯ кӯмак мехоҳед?
Ҳеҷ кас посухе ба Иброҳим надод. Кори Иброҳим ҳамаро ба хашм овард. Пас тасмим гирифтанд ӯро дар оташ бияндозанд. Ибтидо Иброҳимро ба зиндон андохтанд. Сипас мардум миқдори зиёде ҳезум ҷамъоварӣ карданд ва оташ заданд. Он гоҳ Иброҳимро дар кӯҳе аз оташ партоб карданд, чун ҳарорати оташ он қадар зиёд буд, ки намешуд ба он наздик шуд. Барои партоби Иброҳим мардум манҷаниқеро сохтанд ва Иброҳимро ба дохили оташ партоб намуданд.
Мардум дар болои баландиҳо ба ин саҳна нигоҳ мекарданд ҳатто Намруд ҳам аз бурҷи баланд ин манзараро нигоҳ мекард. Мардум фарёди шодӣ мекашиданд. Ҳама ба оташ нигоҳ мекарданд ва мунтазири фарёди Иброҳим буданд, аммо дар миёни тааҷҷуби мардум шӯълаҳои оташ ба гулистон табдил шуд ва дигар хабаре аз ҳарорати оташ набуд. Оташ ба он бузургӣ ба чаманзор ва гулистони сарсабз табдил шуда буд ва Иброҳим дар миёни чаманҳо нишаста буд ва ҷӯи обе ҳам канори ӯ равон буд.
Мардум бо тааҷҷуб ба ин саҳна менигариистанд. Ҳол онҳо қудрати Худои Иброҳимро медиданд. Ҳатто Намруд ҳам нигоҳ мекард ва мегуфт: Аз ин пас ҳама бояд Худои Иброҳимро парастиш кунанд. Ҳатто Намруд ҳам ба Худои Иброҳим имон овард, аммо атрофён ва бузургон он қадар бо ӯ ҳарф заданд, ки назараш тағйир кард ва дубора ба зулм ва ситами худ ва ба парастиши бутҳо идома дод.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти