Please update your Flash Player to view content.

Пиразан танҳову камбағал буд. Ӯ фарзанд надошт ва ҳамсараш ҳам аз дунё рафта буд. Зиндагӣ барояш бисёр мушкил шуд. Дигар ҳатто тавони додани пули обу барқ ва чизҳои зарурии зиндагияшро ҳам надошту ҳар рӯз қарзаш бештар мешуд. Барои ӯ ҳушдор омада буд, ки агар пули барқу обро надиҳад онҳоро қатъ мекунанд. Пиразан ба фикру ғам фуру рафта буд. Ҳарчи фикр кард роҳи ҳалле ба зеҳнаш нарасид. Ногаҳон гӯё ҳамаи мушкилоташ ҳал шуда бошад лабханде бар лабонаш нишаст. Чаро розу ниёзамро ба Худои меҳрубони худ нагӯям. Аммо чӣ тавр? Ӯ қаламу коғазе ба даст гирифту ба Худо нома навишт. Аввал бо Худо хеле дарди дил карда ӯро ситоиш намуд ва баъд навишт: “Эй Худои холиқи ҳама чиз ва меҳрубонтар аз ҳама, ман аз ту чизи зиёде намехоҳам! Агар 1000 сомонӣ бароям бифиристӣ мушкилотам ҳал мешавад. Ман ғайр аз ту касеро надорам ва фақат аз ту умедворам. Вассалом”
Болои нома навишта буд: Аз пиразани бекасу танҳо ба Худои бузургу меҳрубон!
Пиразан номаро ба сандуқи почта андохту мунтазири ҷавоби Худо монд.
Кормандони почта вақте номаҳоро ҷобаҷо мекарданд, чашмашон ба он нома афтод.
Номаро ба раиси почта дода пурсиданд, ки бо он нома чӣ кор кунанд.
Раис, ки инсони хубу боинсоф буд, ба фикр фурӯ рафт. Баъд фармуд, то номаро боз кунанд.
Номаро боз карданду баланд хонданд. Дили кормандон ба ҳоли пиразан сухт. Бинобарин яке аз онҳо пешниҳод намуд, ки пул ҷамъ кунем ва мушкили пиразанро ҳал намоем. Вақте пулҳояшонро ҷамъ карданд, 800 сомонӣ шуд. Пулро ба пиразан фиристоданд.
Баъд аз чанд муддате боз аз ҳамон пиразан номаи дигаре омад, ки навишта буд: “Ташаккур ва шикояти пиразани бекасу танҳо ба Худо”.
Кормандони почта онро боз карда бо ҳам хонданд. Ин бор пиразан навишта буд: "Эй Худои кариму меҳрубон, медонам, ки ту хоҳиши маро рад намекунӣ. Ман аз ту барои ҳамаи неъматҳоят ташаккар мекунам, аммо аз ту мехоҳам, ки ҳамин кормандони почтаро ҳаргиз набахшӣ, чун онҳо аз 1000 сомонии фиристодаи ту 200 сомониро гирифтаанду фақат 800 сомонӣ ба ман фиристодаанд". Кормандон ба якдигар нигоҳ карда хеле хандиданд. Аз ин ки дили пиразанеро шод карда буданд, хеле хушҳол буданд.
Бинобар ин яке аз онҳо пешниҳод кард, то номаҳои пиразанро беҷавоб нагузоранд ва пиразан то охири ҳаёташ бо ин фикру бовараш зиндагӣ кунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти