Please update your Flash Player to view content.

Як рӯз ҷаноби Муҳсин Қироатӣ ба ман гуфт: Дар Нуфелошатуи Париж (маҳалли иқомати имом Хумайнӣ дар Фаронса) дар хидмати имом Хумаёнӣ будем. Аввали субҳ барои вузу бархостам ва ба туолет рафтам. Дар он ҷо ду-се туолет буд. Ба яке даромадам. Дидам бисёр олуда аст. Табъам нагирифт ва надаромадам. Мунтазир мондам то туолети дувумӣ холӣ шавад. Дар ин замон эҳсос кардам, ки марде, ки арақчин дар сар дошт аз барам гузашт ва ба ҳамон туолети олуда даромад, ки ман нарафта будам. Баъд фаҳмидам, ки ӯ худи имом Хумайнӣ буд, ки дари туолетро боз кард ва остину домани яктаҳии худро боло зад ва онҷоро бо об тоза карду шуст.
Муҳаммадалии Бурҳонӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ,  ҷ.3, саҳ.247

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти