Ҳамсари имом Хумайнӣ нақл мекард, ки чун фарзандонашон шабҳо хеле гиря мекарданд ва то субҳ мебор мемонданд, имом Хумайнӣ шабро тақсим карда буд. Яъне масалан ду соат худаш аз бачаҳо нигаҳдорӣ мекард ва ҳамсараш мехобид ва ду соати дигар имом мехобид ва ҳамсараш бачаҳоро нигаҳдорӣ мекард. Рӯзҳо баъди тамом шудани дарс имом Хумайнӣ соатеро ба бозӣ бо бачаҳо мегузаронд то ба ҳамсараш дар тарбияти бачаҳо кӯмак кунад.
Фотимаи Таботабоӣ, келини имом Хумайнӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ,  ҷ.1, саҳ.71
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст