Please update your Flash Player to view content.

Агар зани имом Хумайнӣ аз хона берун мерафт ҳатман бояд ба имом мегуфт, ки куҷо мехоҳад биравад. Имом Хумайнӣ дар бораи берун аз хона барои занаш ин қайдро гузошта буд, вале дар даруни хона комилан озод буд.
Аз ҳамон аввал имом Хумайнӣ ба занаш гуфта буд, ки меъёраш дар зиндагӣ пайравӣ аз шариат ва амал ба аҳком аст. Масалан дар он замон пӯшидани либоси остинкӯтоҳ дар хона барои духтари як мулло писандида набуд, аммо имом мегуфт: “Дар хона айб надорад, чун мухолифи шариат нест, аммо дар берун аз хона бояд комилан пӯшида бошад”. Ё пӯшидани либоси зард, сурх, кабуд ва ғайраро барои занон ва духтарон дар хона айб намедонист ва мефармуд: “Дар ранг қайд надорам. Дар хона ҳар тавр мехоҳед либос пӯшед ба шарти он ки мухолифи шариат набошад”.
Фотима Таботабоӣ, келини имом Хумайнӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.280

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти