Please update your Flash Player to view content.

Як бо хонуми италияӣ номае ба имом Хумайнӣ(рҳ) навишта бо он нома гарданбанди тилло фиристода буд. Дар нома як калима буд, ки мутарҷим мегуфт, ки ин калима англисӣ нест, аз ин рӯ тарҷумаи комили нома муддате дер шуд. Мо наметавонистем коре бо гарданбанди тилло бикунем. Баъд муваффақ шудем номаро тарҷумаи комил кунем маълум шуд, ки фиристанда як зани италияии масеҳӣ аст, ки дар номааш ба имом Хумайнӣ навишта буд:
Ман Исои Масеҳ (а)-ро дар вуҷуди шумо ҷилвагар дидам ва шуморо воқеан рӯҳи Худо ёфтам. Агарчӣ шуморо надидам, вале эҳсос мекунам, ки дар замони ҳазрати Масеҳ(а) зиндагӣ мекунам ва дами масеҳоӣ аз тариқи шуо дар вуҷуди ман дамида шудааст.
Ман ба далели алоқае, ки ба ҳазрати Мсаеҳ(а) дар ин аср дорам гаронбаҳотарин ва нафистарин ёдгори издвоҷамро ба шумо ҳадя мекунам то дар ҳар роҳе, ки салоҳ медонед харҷ кунед.
Вақте мо мазмуни номаро бо гарданбанди тилло пеши имом Хумайнӣ бурдем, ишон гарданбандро гирифтанд ва канори дасташон дар сандуқчае, ки қаламдони ишон буд гузоштанд.
Рӯзи баъд, ки фасли зимистон ва мулоқотҳо ҳам таътил буд мо назди имом будем. Бачаи бенишонеро барои дидор оварда буданд. Чун дар ҳавлӣ танҳшо истода буд эҳсоси ғарибӣ карда бо садои баланд гиря кард.
Имом сарашро баланд ва ба ҳавлӣ нигоҳ кард ва бо нороҳатӣ гуфт, ки Чаро ин бача ин ҷо гиря дорад?
Воқеаро барояш гуфтем.
Имом гуфт: Зуд ӯро даруни ҳуҷра биёред.
Мо ҳам корҳоро нимакора гузоштем ва бачаро даровардем. Осори нороҳатӣ дар чеҳраи имом аз дидани ин духтарбача комилан пайдо буд.
Имом ӯро дар бағал гирифта навозиш карда ва баъд рӯи зонуи худ нишонд ва бо ӯ сухан гуфтанро оғоз кард. Бо вуҷуди ин ки мо бо имом як метр дур будем намефаҳмидем, ки имом ба духтарбача чӣ мегӯяд.
Лаҳзае баъд дар ҳоле ки имом гарданбандро ба гардани ӯ овезон карда буд бо хушҳолӣ ҳуҷраи имомро тарк кард.
Муҳаммадҳасани Раҳимиён
Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ(рҳ), ҷ.1, саҳ. 204

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти