Please update your Flash Player to view content.

Аз ҳазрати Оиша(р) пурсиданд: Беҳтарин хотирае, ки аз Расули Худо(с) ба ёд дорӣ чист?
Гуфт: Тамоми корҳои Расули Худо шигифтангез буд, аммо муҳимтар аз ҳама барои ман ин буд, ки Расули Худо шабе дар манзили ман истироҳат мекард. Ҳанӯз ором нагирифта буд, ки аз ҷо бархост. Таҳорат кард ва ба намоз истод. Ба қадре гиря кард, ки пеши либосаш тар шуд. Баъд ба саҷда рафт ва ба андозае гиря кард, ки замин тар шуд.
Субҳ вақте Билол омад ва сабаби ин ҳама гиряро пурсид он ҳазрат фармуд: Дишаб оёте аз Қуръони Карим бар ман нозил шуд. Он гоҳ оятҳои 190 то 194 сураи Оли Имронро хонд ва фармуд: Вой бар касе, ки ин оятҳоро бихонад ва фикр накунад.
Тафсири Фахри Розӣ, Қуртубӣ ва Мароғӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти