Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар сола муддате хонаву ҷомеаро тарк мекард ва барои ибодат ба ғори Ҳиро мерафт. Дар чиҳилумин соли умраш буд, ки дар моҳи Раҷаб бо Хадиҷа Худоҳофизӣ кард ва барои ибодат ба ғори Ҳиро рафт. Пас аз чанд рӯз ибодату розу ниёз ба хона баргашт. Ҳангоме ки ба хона даромад арақ аз сару сураташ мерехт. Рангаш тағйир карда буд. Баданаш меларзид. Эҳсоси хастагии зиёд мекард. Дар ин ҳол ба Хадиҷа фармуд: Маро бипӯшон! Хадиҷа бистари омода фароҳам кард ва ҳазрати Муҳаммад чанд лаҳза дароз кашида буд, ки ногоҳ аз бистар бархосту нишаст. Хадиҷа фаҳмид, ки иттифоқе афтодааст. Пас аз ин ки ҳазрат ором шуд пурсид: Чӣ хабар шудааст?
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷавоб гуфт: Аз ғор, ки берун меомадам то ба хона биёям ҳанӯз аз кӯҳ поин наёмада будам, ки ногаҳон садое шунидам, ки ба ман гуфт: Ё Муҳаммад, ту Расули Худо ҳастӣ ва ман Ҷабраил ҳастам. Самти чапро нигоҳ кардам, касе набуд. Ба самти рост нигаристам касе набуд. Пушти сарамро дидам касе набуд. Сарамро ба сӯи осмон баланд кардам дидам, ки Ҷабраил монанди марде истода буд ва ба ман гуфт: Ё Муҳаммад, ту Расули Худо ҳастӣ ва ман Ҷабраил ҳастам.
Бо шунидани ин хабар шодӣ саросари вуҷуди Хадиҷаро фаро гирифт ва ҷони тозае дар баданаш дамид. Гӯё солҳост, ки мунтазири шунидани ин хабар буд. Дар ҳол гуфт: Бале ту Расули Худоӣ. Падару модарам фидои ту бод, эй Расули Худо! Ман туро тасдиқ мекунам. Ба Худо ва ба ту ба унвони Расули Худо имон меорам.
Хадиҷа дар ҳоле ин суханонро бар забон ҷорӣ сохт ва ба Расули Худо имон овард, ки дар ҷомеаи он рӯз сеҳру ҷоду, киҳонат (пешгӯӣ) ва анвои хурофот ривоҷ дошт. Ин бонуи бузург бе он ки саволе аз Расули Худо (с) ё шакку тардид кунад, даррав ба Худои Субҳон ва рисолати Расули Худо имон овард. Ҳазрати Хадиҷа унвони аввалин зани мусулмонро махсуси худ кард ва ба унвони аввалин "уммулмӯъминин-модари муӯъминон" шинохта шуд.
Бинтушшотӣ нависандаи арабзабон мегӯяд: Оё зани дигаре ғайр аз Хадиҷаро мешиносед, ки бо ишқи оташин, ва меҳру имони устувор бе он ки андак тардиде ба дил роҳ диҳад ё заррае аз бовари ҳамешагияш ба Худо ва Расули Худо кам кунад, даъвати Илоҳиро, ки аз ғори Ҳиро оғоз шуд пазирад? (Ҳаётулаимма, саҳ.67)
Пас аз чанд лаҳза ҳазрати Алӣ ба хонаи даромад. Расули Худо (с) то Алиро дид ӯро ба Ислом ва имон ба Худои ягона даъват кард. Алӣ ҳам даррав даъвати Расули Худоро қабул кард ва имон овард. Аз ин рӯ ҳазрати Алӣ ба унвони аввалин марди мусулмон дар Ислом шинохта шуд.
Дар баъзе китобҳои таърихӣ омада ҳангоме ки Алӣ имон овард, Расули Худо (с) аз хушҳолии зиёд чунон механдид, ки дандонҳояш ба хубӣ дида мешуданд. Пас аз онҳо Зайд ибни Ҳориса писархондаи Расули Худо ба унвони севумин мусулмон ба Расули Худо имон овард.
Сипас ҳазрати Хадиҷа духтаронашро ба Ислом даъват кард ва ҳар чор духтараш ба Расули Худо ва Худои ягона имон оварданд. Ба ин тартиб аввалин хонае, ки ҳамаи сокинонаш ба Худои Субҳон ва Расули гиромияш ҳазрати Муҳаммад имон оварда буданд хонаи Хадиҷа буд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти